Wednesday, April 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЗанозании гурӯҳи бузурги муҳоҷирон дар Маскав

Занозании гурӯҳи бузурги муҳоҷирон дар Маскав

Беш аз 100 муҳоҷир дар ҷанубу шарқи Маскав занозанӣ карда, бархе боздошт шуданду бархе захм бардоштанд

Дар наздикии метрои «Кузминки» миёни муҳоҷирон ҷанҷол шудааст, хабар медиҳад ВКД Маскав.

Гуфта мешавад, ки ин воқеъа шаби 13 июл дар кӯчаи Зеленодолский рух додааст. Бино ба гузориш дар ин занозанӣ аз 50 то 200 нафар даст доштааст.

Иттилоъ дода мешавад, ки зимни ҷанҷол муҳоҷирон ба роҳҳо баромада барои ҳаракати мошинҳо ва одамон монеа эҷод кардаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, наздики 20 нафари онҳо боздошт ва ба полис супурда шудаанд.

Мақомоти тандурустии шаҳр хабар дода, ки дар паи ин ҳодиса чанд нафар захми корд бардоштааст ва онҳо дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Тахмин меравад, ки ин ҳодиса «дар асоси хусумати шахсӣ» рух дода бошад.

Тибқи иттилои манбаъ ин занозанӣ миёни шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Қирғизистон сар задааст.

Баъзе расонаҳо менависанд, ки зодагони Тоҷикистон низ дар ин муноқиша ширкат кардаанд.

Феълан сабаби дақиқи муноқиша таҳқиқ мешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular