Вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон ризоят додаанд, ки дар Кодекси нави ҷиноӣ ҷазо барои озори ҷинсӣ дар кишвар сахттар карда шавад. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ умед доранд, бо ин роҳ аз такрори таҷовуз ба номуси ноболиғон пешгирӣ мешавад. Бахусус ҳодисаҳое ба монанди қатли Руфайдаи 8-сола, ки вокунишҳои тундеро ба миён овард.
Дар бораи сахттар шудани ҷазо барои озори ҷинсӣ масъулини Вазорати адлия рӯзи 12-уми июл хабар доданд. Шараф Каримзода, муовини вазири адлия ҳангоми нишасти матбуотӣ гуфт, пурзӯр шудани муҷозот барои озори ҷинсӣ дар тарҳи нави Кодекси ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.
«Вобаста ба озори ҷинсӣ пурзӯркунии ҷазо ҳаст, ки ҳама вазорату идораҳо дар маҷмуъ дастгирӣ карданд», — афзуд муовини вазири адлия.
Каримзода ва ҳам вазири адлия Музаффар Ашӯриён дар ин бора шарҳи бештар надоданд. Ашӯриён гуфт, тарҳи ниҳоии Кодекси ҷиноӣ то охири сол ба ҳукумат фиристода мешавад ва пас аз қабули он дар порлумон метавонанд, шарҳи бештар диҳанд.
Масъалаҳои вобаста ба озори ҷинсиро шаш банди Кодекси ҷиноӣ танзим мекунад. Сабуктарин ҷазои пешбиникардаи қонун ҷарима барои «маҷбур намудан ба ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ» буда, сахттарин муҷозот ҳабси абад барои таҷовуз ба номуси духтарест, ки ба 14-солагӣ нарасидааст.
Ҳоло намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ талаб доранд, ки на танҳо барои таҷовуз ба номуси духтарони ноболиғ, балки барои ҳама гуна озори ҷинсӣ нисбат ба ноболиғон ҷазои сахт таъин шавад. Талабе, ки ҳафтаи гузашта баъд аз қатли як духтари 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ зиёдтар шуд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

