Толибон рӯзи сешанбе мардуми шаҳрҳоро ба таслим шудан даъват кард, то аз ҷанг дар шаҳрҳо ҷилавгирӣ шавад ва ба Анқара дар бораи барномаи нигаҳ доштани нерӯҳои худ дар Афғонистон пас аз хурӯҷ нируҳои хориҷӣ, ҳушдор дод.
Амирхон Муттақӣ, яке аз мақомҳои аршади Толибон гуфт: “акнун, ки ҷанг аз кӯҳу дашт ба дарвозаи шаҳрҳо расидааст, Толибон намехоҳад дар шаҳрҳо даргирӣ дошта бошад. Пас беҳтар аст ҳамватанон ва уламо аз ҳама равишҳо барои барқарории тамос барои дастёбӣ ба роҳҳали мантиқӣ барои ҷилавгирӣ аз осеб расондан ба шаҳрҳояшон истифода кунанд.”
Амирхон Муттақӣ вазири пешини иттилоот ва фарҳанги Толибон байни солҳои 1996 то 2001 буд, ки ҳамакнун масъулияти комиссиюни даъват ва иршоди Толибонро бар ӯҳда дорад. Кори ин комиссиюн иртибот гирифтан бо нерӯҳои полис, мақомҳои давлатӣ, мақомот ё ғайринизомёне аст, ки аз Толибон фирорӣ ҳастанд ё мехоҳанд таслим шаванд.
Вай дар як паёми савтӣ, ки аз сӯи Забеҳоллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар твиттер мунташир шуд гуфт, ки “Толибон ба ҳама сокинон итминон медиҳад Афғонистон сарзамин модарии ҳамаи онҳо хоҳад буд ва аз онҳо интиқоме гирифта намешавад”.
Толибон пас аз тасарруфи бахшҳои васеъе аз рустоҳои Афғонистон тай ду моҳи гузашта, чанд маркази вилоятро муҳосира кардааст.
Артиши Афғонистон, ки акнун аз пуштибонии ҳавоии нерӯҳои амрикоӣ маҳрум аст, то кунун муқовамати каме кардааст. Гурӯҳи Толибон рӯзи ҷумъа эълом кард, ки дар пайи пешравиҳои низомии ахир акнун ба 85 дарсад аз хоки Афғонистон мусаллат шудааст. Бо ин ҳол, давлат Афғонистон ин мавзӯъро таъйид намекунад.
Аз сӯи дигар, чандсад нафар аз нерӯҳои мусаллаҳи ҳаводори Муҳаммад Исмоилхон, яке аз чеҳраҳои мубориз алайҳи ишғоли Шӯравӣ барои ҷанг бо Толибон “ҷабҳаи муқовамати мардумӣ”- ро ташкил дода ва дар Ҳирот мустақар шудаанд.
Исмоилхон рӯзи ҷумъа дар Ҳирот гуфт, ки бори дигар алайҳи Толибон, ки ӯро дар даҳаи 1990 асир карданд, аслиҳа дар даст хоҳад гирифт: “ба зудӣ ба умеди Худо ба хатти муқаддам меравем ва шароитро тағйир хоҳем дод”.
Нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО аз авоили моҳи май раванди хурӯҷи комили сарбозони худ аз Афғонистонро оғоз карданд.
Вашингтон хостори дастёбӣ ба як тавофуқи сиёсӣ барои поён додан ба даргириҳо аст, аммо музокирот байни давлати Афғонистон ва Толибон дар шароити хубе қарор надорад.
Ҳушдори Толибон ба Туркия
Ҳамзамон Толибон ба шиддат ба Туркия дар мавриди нигаҳ доштан нерӯҳои худ дар Афғонистон барои муҳофизат аз фурудгоҳи Кобул пас аз поёни хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ, ки то моҳи август ба поён мерасад, ҳушдор дод.
Толибон дар баёнияе гуфт: “тасмими раҳбарони Туркия оқилона нест ва нақзи ҳокимият ва тамомияти арзи мо аст.”
Дар ин баёния омадааст, ки ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон аз сӯи ҳар кишвар ва ба ҳар баҳонае ишғолгарӣ аст ва онҳо бо муҳоҷимон бархӯрд мекунанд.
Толибон тасреҳ кардааст, ки агар мақомоти Туркия дар тасмими худ барои идомаи ишғоли кишвари мо таҷдиди назар накунад, Толибон дар баробари онҳо муқовамат хоҳад кард, ҳамонтур, ки дар баробари 20 соли ишғоли хориҷи муқовамат кардааст.
Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки маъмурияти ояндаи Туркия дар фурӯдгоҳ Кобул дар ҳоли шаклгирӣ аст.
Вай ҷумъаи гузашта дар шаҳри курднишини Диёрбакир эълом карда буд, ки Анқара ва Вашингтон дар мавриди шароити контроли фурӯдгоҳи Кобул дар оянда тавассути нерӯҳои Туркия пас аз хурӯҷи Амрико аз Афғонистон тавофуқ кардаанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

