Tuesday, March 31, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВазирони хориҷии СҲШ вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Вазирони хориҷии СҲШ вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе дар баробари натиҷагирӣ аз кори 20-солаи созмон мавзӯи доғшудаи амниятӣ дар Афғонистонро баррасӣ карданд.

Баҳсу баррасиҳои нишаст бе ҳузури хабарнигорон сурат гирифт. Дертар дар нишасти матбуотӣ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, гуфт, онҳо дар робита ба авзои Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд. “Мо аз раванди бадшавии вазъи амниятӣ дар Афғонистон, ки дар пайи берун рафтани нерӯҳои эътилоф пеш омадааст, нигаронии амиқ кардем», — афзуд ӯ.

Вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой рушди минбаъдаи ин созмонро ба таъмини амният дар фазои кишварҳои узв ва ҳамсояҳои он марбут донистанд.

Дар назар аст, моҳи сентябри имсол ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмон дар Душанбе баргузор шавад. Дар нишасти рӯзи 14-уми июл қарори шӯрои вазирон дар робита ба нишасти Душанбе пешниҳод намудани Барномаи навшудаи ҳамкории кишварҳои узви созмон дар мубориза бо терроризм, сепаратизм (ҷудоиталабӣ) ва экстремизм (ифротгароӣ) барои солҳои 2022-2024 ба имзо расид.

Дар нишасти матбуотӣ Владимир Норов, дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, гуфт, онҳо таъкид намудаанд, ки таваҷҷуҳи ҷиддии созмон ба таҳкими ҳамкориҳо дар муқобила ба таҳдидҳои нави амнияти минтақаӣ равона хоҳад шуд. Ӯ афзуд, «пандемияи коронавирус ба фаъол шудани киберҷиноятҳо, таблиғу ҷалб тавассути Интернет мусоидат кардааст, ки барои радикализатсияи қишрҳои осебпазир, бахусус ҷавонон шароит фароҳам мекунад».

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular