Tuesday, March 31, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШойгу: 320 навъи силоҳро дар Сурия озмоиш кардем

Шойгу: 320 навъи силоҳро дар Сурия озмоиш кардем

Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия дар маросиме, ки дар ширкати созандаи болгарди рустуртул дар шаҳр Ростов-на-Дону баргузор шуд, дар бораи силоҳҳое, ки дар амалиётҳои Сурия маврид истифода қарор гирифта суханронӣ кард. 

Вай бо ишора ба ин ки яке аз болгардҳои сохти ин ширкат дар натиҷаи амалиётҳои суратгирифта дар Сурия тавсеъа ёфта, изҳор дошт: эминсозии худравҳои фаннии низомӣ ниёзманди системҳои ҳимояи ҳавоии дурбурд буда ва Русия аз онҳо бархурдор аст. 

Шойгу бо таъкид бар ин ки ба “баракати амалиёт дар Сурия чунин силоҳҳое дорем”, гуфт: дар тӯли амалиёт беш аз 320 навъи силоҳи мухталиф аз ҷумла болгардро озмоиш кардем. 

Вай бо ишора ба ин ки 70 дарсади таслиҳот ва таҷҳизоти артиши Русия модерн аст, тасреҳ кард: ин болотарин мизон дар миёни артишҳои ҷаҳон ба шумор меравад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular