Tuesday, March 31, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБоздиди Раҳмон аз навоҳии марзӣ

Боздиди Раҳмон аз навоҳии марзӣ

 Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар бо як сафари корӣ субҳи имрӯз ба ноҳияҳои марзии ҷануби Тоҷикистон рафта аз отрядҳои сарҳадӣ боздид кардааст. 

Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон бо маҳалли будубоши хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва тайёрии ҷангии қисму воҳидҳои низомии ин сохтор дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии гарнизони Хатлон шинос гардид.

Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз пойгоҳи Отряди сарҳадии ҳудуди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дидан карда, дар назди ду ҳазор афсарону сарбозон ва воҳидҳои захиравӣ суханронӣ кардааст. 

Дар бораи омодагии ҷузъу томҳо ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Тоҷикистон сардори Отряди сарҳадии Панҷ подполковник Дониёр Файзуллозода гузориш додааст.

Раисиҷумҳур зимни суханронӣ гуфтааст, имрӯзҳо авзои ҳарбиву сиёсии кишвари ба мо ҳамсоя — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла вилоятҳои Балх, Қундуз, Тахор ва Бадахшон, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, ниҳоят мураккаб мебошад.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон аз ҳар як хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, аз афсарону сарбозони сарҳадбон ҳушёриву зиракии доимӣ, масъулияти баланд ва омодабошии ҳамешагиро тақозо менамояд.

Ин сафари Эмомали Раҳмон ба сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳолест, ки гурӯҳи Толибон дар як музокира дар Кремл гуфтанд, ки зиёда аз 80 дар сади Афғонистон зери тасарруфи онҳо даромадааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular