Tuesday, March 31, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБег Сабур ҳанӯз камбудӣ дар сохтмонҳояшро бартараф накардааст

Бег Сабур ҳанӯз камбудӣ дар сохтмонҳояшро бартараф накардааст

Ширкати сохтмонии «Комил-2010», ки ба Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тааллуқ дорад, ҳанӯз мушкили биноҳои сохтаашро ҳал накардааст. 

 Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмону меъмории Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ дар ин бора хабар дода гуфт, » дар иншооти ин ширкат камбудиҳо ошкор шуд. Дар ҳоли ҳозир ширкат ба бартараф кардани ин нуқсон машғул аст ва ҷараёни онро муовини раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода назорат мекунад. Мо умедворем, ки ҳамаи камбудҳо саривақт бартараф мешаванд». 

Ин дар ҳолест, ки Зувайдзода дар нишасти хабарии моҳи феврал гуфта буд, ки ба ин ширкат ва ширкатҳои дигари Бег Сабур муҳлат додаем то сохтмонҳои нотамомашро тамом кунаду иҷозатномаи сохтмонашро бигирем. Ҳамчунин Зувайдзода гуфта буд, ки ширкати «Комил -2010»-ро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ вориди «рӯйхати сиёҳ» кардааст.

Зувайдзода дар нишасти хабарии моҳи феврали имсол гуфта буд, ки «шикоятҳо аз камбудҳои биноҳое, ки ширкатҳои Бек Сабур «Комил-2010» ва «Ниагара» сохтаанд, зиёд аст. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular