Saturday, March 28, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет5 корманди ВКД дар шаш моҳ барои ҷиноятҳои молиявӣ ба ҷавобгарӣ кашида...

5 корманди ВКД дар шаш моҳ барои ҷиноятҳои молиявӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ 5 корманди Шуъбаи корҳои дохилии минтақавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои молиявӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шуданд.

Сардори шуъбаи минтақавии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия генерал-майори адлия Ҷамшед Гулмаҳмадзода изҳор дошт, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон нисбати кормандони милитсия барои содир намудани ҷиноятҳои молиявӣ 7 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Аз ҷумла ӯ аз сарваколатдори гурӯҳи махсус дар РКД Кӯлоб Зафар Икромов ном бурд, ки нисбати ӯ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Гулмаҳмадзода гуфт, “Икромов ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 51 ҳазор сомонӣ дастгир шуд”.

Ғайр аз ин, нисбати корманди фаврии ШКД ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Умед Ҳомидов барои гирифтани пора ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва муфаттиши ШКД ноҳияи Фархор Нуриддин Неъматов низ барои порагирӣ (ҷузъиёташ шарҳ дода нашуд) парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Ба гуфти Гулмаҳмадзода, нисбат ба Ҷумъахон Сафаров, корманди мизи шиносномадиҳии ШКД ноҳияи Муъминобод ва Малик Ҳамидов, корманди мизи шиносномадиҳии Кӯлоб барои камомади молиявӣ парвандаҳо боз шуданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular