Tuesday, March 31, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМарги як сарбоз дар Додситонии кулл

Марги як сарбоз дар Додситонии кулл

Як сарбоз дар дохили бинои Додситонии кулли Тоҷикистон аз чор зарби тири автомати Калашников ба ҳалокат расидааст.

Ҳодиса шаби 13 ба 14-уми июл рух додааст.

Мақомот ҳодисаро расман шарҳ надодаанд, вале Радиои Озодӣ аз қавли манбаъаш дар Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дода, ки ӯ ҳодисаро худкушӣ номиданд.

«Чор тир аз зери манаҳаш зада шудааст ва аз сараш берун шудаанд. Ташхиси ибтидоӣ ҳодисаро худкушӣ номиданд. Ҳанӯз маълум нест, ки сарбоз чаро ин корро кардааст.»,—гуфт ӯ.

Масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон аз ироаи ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ карданд. Ному насаби сарбоз ва сабаби марги ӯро ҳеҷ мақоми додситонӣ ҳозир нашуд, ки ба Радиои Озодӣ шарҳ диҳад.

Дар Додситонии низомии шаҳри Душанбе ҳодисаро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ки «парванда махфӣ аст ва онро шарҳ намедиҳанд.»

Ин сарбози яке аз воҳидҳои низомии шаҳри Душанбе барои ҳифзи бинои Додситонии кулли Тоҷикистон интихоб шуда будааст.

Маъмулан, биноҳои сохторҳои интизомиро дар Тоҷикистон сарбозон ҳифз мекунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular