Wednesday, March 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар Доҳа мулоқоти ҷонибҳои сулҳи афғонӣ баргузор шуд

Дар Доҳа мулоқоти ҷонибҳои сулҳи афғонӣ баргузор шуд

Намояндагони ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати силоҳбадасти Толибон дар шаҳри Доҳа мулоқот карда, ба ҳосил шудани «пешрафт» ва «ҳалли мушкилот аз роҳи муколама» изҳори умедворӣ карданд.

Ҳайати ҳукуматиро дар музокироти рӯзи 17-уми июл Абдулло Абдулло, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон роҳбарӣ мекард. Гурӯҳи Толибонро раҳбари он Мулло Абдулғанӣ Бародар сарварӣ мекард.

Абдуллоҳ зимни суханронӣ дар оғози гуфтугӯҳо гуфт, ки тамоми кӯшишҳо бояд барои хотима додани ҷанг ва ба даст овардани ҳалли сиёсӣ равона карда шаванд, зеро буҳрони Афғонистон роҳҳалли низомӣ надорад. Ӯ гуфт, барои ба даст овардани сулҳ, зарур аст ҳар ду ҷониб азхудгузашгӣ нишон диҳанд. Мулло Абдулғанӣ Бародар зимни суханронӣ дар ин маросим қайд кард, ки дар «музокироти сулҳи дохили Афғонистон, ки тақрибан 10 моҳ идома дорад баъзе мушкилот» вуҷуд дорад ва «пешрафт»-е ба назар намерасад. «Аммо мо набояд ноумед шавем»,- гуфт Барадар ва илова кард, ки Толибон саъй хоҳанд кард, то музокирот «муваффақ» шавад ва «натиҷаи мусбат» ба бор орад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular