Monday, March 30, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетУралские авиалинии ба се парвози дигар ба Тоҷикистон иҷоза гирифт

Уралские авиалинии ба се парвози дигар ба Тоҷикистон иҷоза гирифт

Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Русия ба ширкати ҳавопаймоии Уралские авиалинии иҷозат дод, ки аз шаҳри Чебоксари Федератсияи Русия ба шаҳрҳои Ӯш ва Бишкеки Қирғизистон, Кулоб, Хуҷанд ва Душанбеи Тоҷикистон ва Намангони Узбекистон парвозҳои мустақим анҷом диҳад.

Дар ин бора хабаргузории маҳаллии Чувашинформ иттилоъ додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, қарор аст парвозҳо ба Қирғизистон тули ҳафта,  7 маротиба, яъне ҳар рӯз як парвоз анҷом дода шавад. «Уралские авиалинии» ният дорад, ки ҳафтае 3 маротиба ба Тоҷикистон ва Узбакистон низ парвоз кунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular