Tuesday, March 31, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКДАМ Тоҷикистон расонаҳои қирғизро дар таҳрифи воқеъият муттаҳам кард

КДАМ Тоҷикистон расонаҳои қирғизро дар таҳрифи воқеъият муттаҳам кард

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон назари мақомоти амниятӣ ва расонаҳои хабарии Қирғизистон дар бораи таниши марзии 24 июлро беасос хонд ва васоити ахбораи оммаи Қирғизистонро дар таҳрифи далелҳо гунаҳкор донист.

Ба гузориши маркази матбуотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълом, минтақаи мавриди муноқишаи ахири мавсум ба Қуммазор бар асоси нақшаҳои ҷуғрофиёии солҳои 1924 ва 1929 ва ёддошти тафоҳуми соли 1989 мутааллиқ ба Тоҷикистон аст ва иддаои тарафи Қирғизистон дар бораи моликияти ин манотиқ тавҷеҳе надорад.

Дар ҳодисаи 24 июл дар ҳоле, ки сокинони ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара  қасди поксозии минтақаро доштанд, 20 нафар қирғизҳои сокини рустои Куктош бо ҳимояти марзбонони қирғиз монеъи ин фаъолияти онҳо шуданд ва ба тарафи онҳо тирандозӣ карданд.

Дар натиҷаи ин даргирӣ як сарбози нерӯи марзбонии Тоҷикистон  захмӣ ва дар бемористон бистарӣ шуд.

Мақомоти Қирғизистон муддаӣ ҳастанд, ки сокинони ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара бидуни ҳамоҳангӣ бо мақомоти қирғизӣ ҳаққи вуруд ба минтақаи Қуммазорро надоранд.

Хабаргузории қирғизии бо истинод ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ медиҳад, ки дар мавзеи наздисарҳадии Қуммазори ноҳияи Ботканд шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни мувофиқа бо ҷониби Қирғизистон ба корҳои тозакунии ин мавзеъ пардохтаанд.

Дар хабар омадааст, ки “марзбонони қирғиз ва намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. Ба талаби ҷониби Қирғизистон бобати қатъи кор шаҳрвандони Тоҷикистон итоат накарданд. Гузашта аз ин, тоҷикистониён як шаҳрванди Қирғизистонро лату кӯб карданӣ шуданд. Дар идома муноқишаи лафзӣ ба ҷанҷол ва сангпартойӣ ҷониби ҳамдигар табдил ёфт.”

Гуфта мешавад, дар ҷараёни муноқиша аз ҷониби сарҳадбонони кишвари ҳамсоя ба сӯйи Қирғизистон тирпарронӣ шудааст. Дар ҷавоб марзбонони қирғиз низ ба самти Тоҷикистон тир кушодаанд.

Бар асари тирпарронӣ аз ҷониби Қирғизистон захмгирифтагон ва осебдидагон ба қайд гирифта нашудаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular