Saturday, February 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТрамп хизмат дар артишро барои трансгендерҳо манъ кард

Трамп хизмат дар артишро барои трансгендерҳо манъ кард

Президенти ИМА Доналд Трамп фармонеро имзо кард, ки тибқи он трансгендерҳо дигар ҳақ надоранд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмат кунанд.

Айни ҳол тақрибан 15 ҳазор шахсони дорои мақоми трансгендерӣ дар артиш хизмат мекунанд. Бар асоси фармони нав, онҳо бо далели “ноқобилият тиббӣ” аз сафи артиш озод карда мешаванд.

Инчунин, Трамп бо як фармони дигар барномаҳои баробарӣ ва фарогириро дар артиш бекор кард. Пештар ӯ амр дода буд, ки занҳои трансгендерро дар зиндони мардон нигоҳ доранд, ки ин қарор мавҷи интиқоди созмонҳои ҳомии ҳуқуқро ба миён овард.

Ин иқдомҳо ҳамчун қисми сиёсати сахтгиронаи маъмурияти Трамп нисбат ба ҷомеаи ЛГБТ+ арзёбӣ мешаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular