Tuesday, March 31, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҶаримаи 352 соҳибкор дар Кӯлоб

Ҷаримаи 352 соҳибкор дар Кӯлоб

Дар Кӯлоб 352 соҳибкор барои риоя накардани қоидаҳои савдо ҷарима шуданд.

Бо мақсади пешгирӣ аз фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ ва маҳсулоти муҳлаташон гузашта масъулини Тоҷикстандарт дар минтақаи Кӯлоб дар давоми шаш моҳ 287 нуқтаи савдо, бозорҳо ва мағозаҳои хӯроки умумиро санҷидаанд.

Дар ин бора  Ҷурахон Сайдализода, сардори раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб зимни нишасти матбуотӣ гузориш дод.

Ба гуфти Ҷурахон Сайдализода,, барои риоя накардани қоидаҳои савдо 352 нафар соҳибкорони нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба маблағи 43 680 сомонӣ ҷарима шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104 ҷарима зиёд мебошад.

Кормандони Тоҷикстандарт дар ин минтақа аз 224 нуқтаи фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ намуна барои ташхис гирифта, 26 адад фурӯзонакҳои симобдор, 18 адад фурӯзонакҳои тафсон ва 150 адад бозичаҳои чиниро аз муомилот гирифтанд.

Ҷурахон Сайдализода гуфт: “Аз намунаҳои гирифташуда дар 192 ҳолат маҳсулоти хӯрокворӣ ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгӯ набуд”.

Вай ҳамчунин таъкид дошт, ки то ин давра маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла қаннодӣ- 219 кг, маҳсулоти ғайримашруботӣ — 286 л, чой — 6,5 кг, маҳсулоти ширӣ — 14,3 кг, маҳсулоти гӯштӣ — 5 кг, қайлаи помидор — 7,4 кг, намак — 18 кг ва дигар маҳсулоти муҳлати истифодаашон гузашта аз муомилот гирифта шуданд.

Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки шуъбаи сертификатсиякунонӣ ва шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ ба 370 соҳибкор шаҳодатномаи кору хизматрасонӣ додааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular