Monday, March 30, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаҳбари ПМТ: ҷашни Истиқлолият бояд баргузор шавад

Раҳбари ПМТ: ҷашни Истиқлолият бояд баргузор шавад

Раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, ки шоми дирӯз дар пахши мустақим бо мардум гуфтугӯ мекард, гуфт ҷашни Истиқлолият бояд баргузор шавад. Аммо на ба он шакле, ки ҳукумат ба он омодагӣ мегирад.

Кабирӣ дар сӯҳбатии онлайниаш, ки ба таҷлили 30 солагии Истиқлолият дар айёми вируси коруно рабт дошт, баъди аз ҷалби 15-20 ҳазор донишҷӯ ба маршировка барои омодагӣ ба ҷашн ва ибрози назараш дар маврии латукӯби вазири тандурустӣ чанд пешниҳоде ба ҳукумат ва мардум ироа кард. 

Ӯ таъкид кард ҷашни Истиқлол боят баргузор шавад, аммо ҷашни мардумӣ бошад ва дар хонаҳо таҷлил шавад. “Мардум худашон ин идро дар хонаҳояшон ҷашн хоҳанд гирифт, аммо шумо аз маъракаву ҳамоишҳои оммавӣ даст кашед. На обрӯи ҳукумат кам мешавад, на обрӯи раисҷумҳур. Баръакс мардум истиқбол мекунанд ва мегӯянд, ки раисҷумҳурашон дар фикри ҷону саломатии миллат аст” — таъкид кард дар муроҷиаташ ба ҳукумат.

Дар пешниҳоди дуввумаш раҳбари мухолифин гуфт “ҳарчи зудтар маршировкаҳо қатъ карда шаванд ва карантин дар ҳамин ҳафтаи оянда бо қарори худи раисҷумҳур ё Ситоди ҷумҳуриявӣ, ки сарвазир раҳбараш аст эълон карда шавад, то ҷону саломатии мардумро ҳифз кунем”. 

Муҳиддин Кабирӣ гуфт “мунтазир будам, ки ин пешниҳод аз ҷониби шахсиятҳои дигар шавад, чун пешниҳодҳои моро ҳукумат на ба ақли солим, балки найзаву шамшер пешвоз мегирад. Аммо ин пешниҳод аз тарафи ҳеҷ гурӯҳи ҷиддие ироа нашуд, ҳарчанд бештари мардум даъват мекунанд карантин ҷорӣ шавад. Агар ҳукумат ин пешниҳодҳоро қабул накард ва ба маршировкаву ҷашнгириҳо ва ҷамъоварии мардум идома дод, дигар ҳеҷ ҷои шубҳае нест, ки ҷавобгари марги якояки онҳое, ки аз вируси коруно мефавтанд, худи раисҷумҳур, сарвазир, вазири тандурустӣ ва вакилони парлумон ҳастанд”.

Пешниҳоди саввуми раҳбари мухолифин ба Додситонии кул ва шахси додситони кулл нигаронида шуда буд, ки даъват кард на танҳо барои латукӯби вазири тандурустӣ, ҳамчунин барои баргузоркунии чораҳои оммавӣ дар замони шуйӯъи вирус, парванда боз кунад. “Агар метарсад нисбати раисҷумҳур парванда боз кунад, бигзор нисбати вазири тандурустӣ ва мақомоти дигаре, ки дар баргузории чораҳои оммавӣ дар варзишгоҳҳо даст доранд, парванда кушояд, зеро ҷону саломатии ҳазорҳо нафар дар хатар аст. Додситони кулл дар ин марҳала метавонад собит кунад, ки ҳадафаш танҳо мубориза бо мухолифин набуда, бо ҷинояткорон ҳам ҳаст”.

Ва аз Итолиё мисол зад, ки додситонии ин кишвар алайҳи сарвазири он парванда боз кард ва санҷид, ки амалкарду тасмимҳои раҳбари давлат дар қиболи вируси коруно оё мувофиқи қонун ва ба нафъи мардум буд ва ё метавонист тасмимҳои дигар бигирад. 

Раҳбари Паймони Миллӣ аз мардум даъват кард воксин гиранд. “Ман мутахассиси ин соҳа нестам. Табибон даъват карда истодаанд, ба онҳо бовар кунед. Ман худам шахсан воксин гирифтам. Баъди ин ки он ҳама таҳлилҳо ва фикрҳои зиду тарафдорро хондам, ба ин натиҷа расидам, ки башарият дигар роҳе надорад ҷуз ин ки бо воксин кардан ҳам худ ва ҳам ҷаҳонро аз ин вабо наҷот диҳад”.

Кабирӣ қайд намуд “ҳамаи мо бе ин ҳам 4-5-тогӣ воксин гирифтагӣ ҳастем. Агар он воксинҳо моро накушт ва ҳеҷ зарари ҷиддие нарасонд, иншоаллоҳ, ки инаш ҳам зарар нахоҳад дошт. Ва агар зараре ҳам дошта бошад, камтар аз он аст, ки мо худ ва наздиконамонро гирифтори вируси коруно мекунем”.  

Ӯ ҳамчунин аз мардум даъват кард то аз ширкат дар маъракаҳои умумӣ, чӣ маршировка аст, чӣ ҷашн худдорӣ кунанд. “Ҳеҷ касро ба ҷавобгарӣ намекашанд. Хоҳиш мекунам худ ва наздиконатонро аз гирифторӣ ба ин вабои аст ҳифз кунед — таъкид дошт ӯ. 

Шакли видеои ва пурраи гуфтугӯи раҳбари ПМТ бо мардумро инҷо метавонед тамошо кунед:

  

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular