Дар Суғд 18 нафар ба иттиҳоми пайравӣ аз “Салафия” аз 1 то 5 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум карда шуданд.
Мурофиаи маҳкумшудагон рӯзи 1 июли соли равон таҳти баррасии додрас Фирӯза Ғайбуллозода дар додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд.
Хабаргузории АзияПлюс бо истинод аз қавли вакили дифоъ, Муҳсин Холматов навиштааст, ки ташкилотчии гурӯҳ, 5 солу 6 моҳ ва 13 нафари дигар 5 солӣ ҳукм гирифтанд. Ҳамаи онҳо бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор дониста шуданд.
Дар ин байн Абдукамол Аҳадов, маъюби гурӯҳи якум низ ҳаст.
Ба иттилои манбаъ “чор нафари дигар, ки бо моддаи 347 айбдор мешуданд, 1-солӣ аз озодӣ марҳум гардиданд”.
Ба гуфти вакили дифоъ бо гузашти тақрибан як моҳ то ба ҳол онҳо нусхаи ҳалномаро дастрас накардаанд. Ҳол он ки тибқи қонун ҳалномаи суд бояд дар давоми 5 шабонарӯз ба наздикон ва ҳимоятгарони судшаванда дода шавад. Вале то ба ҳол нусхаронадодаанд ва. сабабашро ҳам шарҳ надоданд.”
Муҳсин Холматов ба хабаргузорӣ гуфтааст, нисбати айби эълоннамудаи суд розӣ нестанд ва баъди дастрас кардани нусхаи ҳалнома ба зинаҳои болоии суд шикоят хоҳанд кард.
Ёдрас мешавем, моҳи феврали соли ҷорӣ кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як гурӯҳи 18-нафараи сокинони деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба иттиҳоми ширкат дар гурӯҳи ҷиноятӣ боздошт карданд. Ҳамин тариқ, додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд баррасии парвандаи онҳоро дар боздоштгоҳи рақами дуи шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми пайравӣ аз ҳаракати “Салафия” оғоз намуда буд.
Чанде пеш волидону наздикони онҳо бо дархотси кӯмак ба Дастгоҳи президенти кишвар ва Додситони кул муроҷиат карда, гуфта буданд, ки наздиконашон гуноҳ надоранд ва баъд аз боздошт таҳти шиканҷа ба ҷурми пешниҳодшуда иқрор шудаанд ва ҳатто намедонанд, ки ин чӣ созмон аст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

