Friday, March 27, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЛаҳазоти аҷиби ҳаёти мусаввирон

Лаҳазоти аҷиби ҳаёти мусаввирон

Мусаввирони бузург ҳамеша дар таърих  аз худ  нақши муҳиме гузошта мераванд. Онҳо ҳама гуногунандеш, маълумотнок ва на он қадар камбизоату на он қадар сарватманд  ҳастанд.  Аммо ҳамаи онҳо як чизи умумӣ доранд — истеъдоди аҷибе, ки  тавонистанд дар  вуҷудашон рушд бахшанд.
Масалан рассоме бо номи Ван Гог бо он раафтораш овоза шуда буд, ки гӯшашро буридааст, аммо қисмати нарми поёнии гӯшашро каме дигаргун шикоф карда буд. Леонардо да Винчи бошад, дар ҳаёташ ягон маротиба гӯшт  намехӯрд. Дар қатори  рассомони ботаҷриба метавон Салвадор Далиро  ном гирифт. Вай одамонро ба ҳайрат гузоштанро  дӯст медошт. Ва боре ӯ ба либоси ғаввосӣ (либосе, ки бо он шино мекунанд) ба  виставкаи рассомон  баромада буд.
Рассоми машҳур Пабло Пикассо боре дар ҷавонӣ хеле камбизоат шуда  буд. Ҳатто дар хонаи беҳад сард, маҷбур шуд, ки мусаввираҳояшро оташ гиронда гарм шавад,зеробарои ҳезум пул надошт. Боз як далели ҷолиб ин аст, ки номи пурраи Пикассо аз 23 калима иборат аст. Аввалин калимаи дар кӯдакӣ талаффуз кардаи ин рассом  модар, ё падар набуд, балки қалам гуфта буд. Як тасвири рассом Анри Матисса бо номи “Лодка”  давоми якуним моҳ дар намоишгоҳ  бараксаш овезон буд, то даме, ки яке аз тамошобинон аз ин иштибоҳ воқиф шуд.
Дар тӯли ҳаёти худ, Винсент Ван Гог баръакси афсонаҳои маъмул на як расм, балки бештареро  ба фурӯш баровардааст. Аммо вай барои тасвирҳои бозаҳмат офаридаи худ пули кам мегирифт. Расман 14 тасвири фурухтаи ӯ тасдиқ шудааст.  Ван Гог чандин маротиба дар беморхонаи бемориҳои равонӣ табобат гирифтааст. Ба ӯ ҳатто ташхиси шизофрения ҳам гузошта буданд.  Леонардо да Винчи ҳам бо  дасти рост ва ҳам бо чап  баробар хуб кор мекард. Нисбат ба намояндагони дигар соҳаҳои санъат,  байни рассомон чапдастон бештаранд.  Рассом Ренуар дар ҷавонӣ дӯзанда буд ва гоҳо бо таъмири пояфзол ҳам рӯз мегузаронид.
Салвадор Дали кӯдаконро дӯст намедошт. Вай дар киссааш қанди бисёр гирифта ба майдончаи бозии кӯдакон меомад, қандро кушода,дар назди кӯдакон мелесид ва ба замин мепартофт, то ҳавасашонро ораду баъд масҳара кунад. Вақто Салвадор вафот кард, ҷасадашро мувофиқи васияташ ба шаҳри Фигерес оварданду дар осорхонае, ки бо номи худи рассом гузошта шудааст, дафн карданд. Рассом Анри Матисса хеле ҳарос дошт, ки рӯзе чашмонаш кӯр мешаванд ва ӯ дигар расм кашида пул ёфта наметавонад. Бинобар ин  скрипка навохтанро омӯхта буд, то дар ҳангоми нобино шудан, бо ҳамин роҳ зиндагиашро пеш барад.  
Пурқиматтарин тасвире, ки дар музояда фурӯхта шудааст “Фарёд” ном дорад ва бар қалами Эдвард Мунка тааллуқ дорад. Рассоми машҳури давр  Леонардо да Винчи донишманд ва ихтирокор ҳам  буд. Ҳамин тавр, ӯ аввалин шуда, ба таври илмӣ шарҳ дод, ки чаро ранги осмон кабуд аст.     Тарҳи ороиши қандини Chupa Chups аз ҷониби Салвадор Дали таҳия шудааст. Ва ӯ барои ин кораш пул нагирифта ,  бар ивазаш  шарт гузошт, ки барояш  ҳар рӯз як қуттӣ конфетро то охири умраш биёранд. Салвадор доимо таъкид дошт, ки вай давоми зиндагии бародари фавтидашродида истодааст ва дар ҷасадаш рӯҳи бародараш аст.  Машҳуртарин мусаввираи таърихро Леонардо да Винчӣ тасвир кардааст, ки “Мона Лиза” ном дорад. Барои ин тасвир дар Лувраи Париж ҳуҷраи алоҳидае ҷудо карда шудааст.  ,
Шуғли дӯстдоштаи рассом Пол Гоген ҳезумбурӣ буд, ки дар ин кор маҳорати нотакроре дошт. Фаъолияти эҷодии рассом Ренуар тақрибан 60 сол давом кард ва дар ин муддат ӯ тақрибан 6000 тасвирҳоро офарид. Вақто дасти росташ шикаста буд, бо дасти чапаш ҳатто беҳтар ба расмкашӣ пардохт. Расмҳои кашидаи Айвазовский он қадар воқеӣ метобанд, ки ӯро боре  дар қаллобӣ ҳам айбдор карда буданд.  Бадзабонон  изҳор доштанд, ки вай паси мусаввираҳояш лампаҳое  мегузорад, ки расмҳояшро чунин равшанӣ медиҳанд. Рассом Клод Моне бо карикатураҳояш машҳур аст. Ӯ ҳатто дар кӯдакиаш расми муаллимонашро дар жанри тасвири  мазҳакавӣ  меофарид.  Клод Моне пас аз бурди пули зиёд дар лотерея қарор дод, ки ҳаёти худро ба санъат бахшад. Рассоми Ҳолландӣ Пит Мондреан ба дараҷае пурмеҳнатбуд, ки дастонаш аз қапидани қалам обила мекарданд.  Тасвири «Мона Лиза» соли 1912 дуздида шуд. Вай пас аз се сол пайдо шуд ва дар ин муддат қаллобони мухталиф 6 нусхаи худро ҳамчун нусхаи дуздидашуда фурӯхтанд.  Боре Салвадор Дали дар атрофи Ню-Йорк бо як нони  дарозиаш  ду метра  роҳ мерафт. Нияташ ҷалби диққати мардум буд. 

 

Соима Саидӣ

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular