Tuesday, March 31, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲарду «террористи маҳвшуда»дар Тюмен аз Ашт будаанд (Навор)

Ҳарду «террористи маҳвшуда»дар Тюмен аз Ашт будаанд (Навор)

Хадамоти федералии амният (ФСБ) Русия аз маҳв гардонида шудани ду гумонбар дар ҷинояти терроризм шоми гузашта дар Тюмен хабар дод, ки щарду шаҳрванди Тоҷикистон гуфта мешаванд.

Расонаҳои маҳаллии шаҳри Тюмен хабар доданд, ки раёсати Хадамоти федералии амнияти Тюмен як гурӯҳи хурди ҷонибдорони гурӯҳи террористии  ДОИШ-ро ошкор кардаанд.

Тибқи маълумоти аз ҷониби ФСБ расонаишуда, гуё  кушташудагон нақша доштанд, ки дар ҷойҳои серодам ҳамлаҳои террористиро анҷом диҳанд. Тибқи иттилоъи ФСБ ду нафар аз ҷангиён ҳангоми боздошт муқовимат нишон доданд ва маҳв карда шуданд.

Бино бар иттилои расонаҳои Русия, ҳарду кушташуда, шаҳовандони Тоҷикистон буданд.

Дар хабар омадааст, ки кормандони оперативӣ ҳангоми ташхиси ҷои ҳодиса таппонча, чанд дона тир, варақ бо матни савганди садоқат ба ДОИШ пайдо кардаанд.

Дар ҳамин ҳол як манбаъи огоҳ аз ҳодиса аз шаҳри Тюмен, ки ҳарду кушташударо мешинохтааст бо шарти ифшо нашудани номаш ба Паём гуфт ин “амалиёт” бештар ба тавтеъа шабоҳат дорад. 

Ба гуфти манбаъ кушташудагон шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд ҳастанд. 

Ба гуфтаи манбаъ, онҳо муҳоҷирони корие будаанд, ки ба чархонидани зиндагии худ машғул буданд ва дар гумон аст, ки ба ягон ҳизбу гурӯҳ ва ё созмонҳои терористӣ муносибате дошта бошанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular