Tuesday, March 31, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБоздошти даҳҳо муҳоҷири тоҷику узбек дар Санкт-Петербург

Боздошти даҳҳо муҳоҷири тоҷику узбек дар Санкт-Петербург

Даҳҳо муҳоҷир дар Санкт Петербург пас аз занозанӣ дар меҳмонхонаи «Белые ночи» боздошт шуданд

Пулиси Петербург муайян кардааст, ки сабаби занозании оммавӣ дар ноҳияи Невский ихтилофот бо сабабҳои хонаводагӣ байни  бошандагони меҳмонхона будааст.

Бино ба иттилоъи ситоди Вазорати умури дохилии шаҳри Санкт Петербург, ҳодиса, шоми 28 июл дар назди меҳмонхонаи  «Белые ночи»,   дар хиёбони Большевик рух додааст. Дар ҷараёни санҷиш полис маълум кардааст, ки байни бошандагони меҳмонхона муноқиша бо сабабҳои хонаводагӣ рух додааст.

Шаш шаҳрванди чечентабори Русия бо чаҳор муҳоҷири тоҷик занозанӣ кардаанд. Ду шаҳрванди Русия бо ҷароҳат дар бемористон бистарӣ шуданд. Дигаронро бо ҳамроҳии даҳҳо нафар ба идораи пулис бурдаанд.

Гуфта мешавад, нафарони дар муноқиша иштирокнадошта барои санҷиши риояи қонунҳои муҳоҷират ба идораи полис бурда шудаанд.

Пештар Gazeta.SPb.ru хабар дода буд, ки пас аз занозанӣ дар меҳмонхонаи «Белые ночи» беш аз 70 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон боздошт шудаанд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular