Пулиси Италия ҷасади хушкида дар курсии як зани 70 соларо ду сол пас аз маргаш пайдо кард, ки пушти мизаш нишаста буд.
Ҷасади Маринелли Берто, ки ҳеҷ хешованди зиндае надошт, дар хонааш дар наздикии дарёчаи Комо дар шимоли Италия пайдо шудааст.
Маъмурони пулиси Италия вақте бо ҷасади Маринелли Берто бархӯрданд, ки барои риояти эҳтиёт ба хонаи ӯ дар ҳавои тӯфонӣ сар заданд. Дарахтони хонаи ин зани 70 сола, ки маълум буд муддатҳост ба ҳоли худ раҳо шудаанд дар он рӯз ва ба далели вазиши боди шадид наздик буд, ки аз реша канда шаванд.
Бар асоси гузориши расонаҳои итолиёӣ, ҳамсоягони ин зани солиманд ҳадди ақал дувуним сол, ки ӯро надида буданд.
Кашфи ҷасади ин зани солманд бори дигар зарурати муроқибати беҳтар аз солмандонро дар Италия барҷаста кардааст.
Елена Бонетти, вазири хонаводаи Италия дар сафҳаи файсбуки худ навишт: “Он чи барои Маринелли Берто, танҳо ва фаромӯшшуда дар Комо иттифоқ афтод, виҷдони моро озор медиҳад.”
Ӯ дар идома навишт: “Мо ба унвони ҷомеаъе, ки мехоҳем муттаҳид бимонем, вазифа дорем зиндагии ӯро ба ёд биоварем … Ҳеҷ касро набояд танҳо гузошт.”
Массимо Грамлини, сармақола нависи “Corriere della Sera” пурфурӯштарин рӯзномаи Италия ҳам дар сафҳаи аввали он навишт: Берто “намоди танҳоӣ” буд.
Грамлини навишт:”Ҳанӯз хотироти хонаводаҳои пур аз ҳаёҳу ва пур аз қавму хеши ҷомеъаи деҳқонии Италия барои бисёре аз мо зиндааст. Аммо акнун, хонаводаи модерн кучак шудааст…одамҳо дар танҳоӣ мемиранд. Бадтар аз ҳама ин аст, ки мо тақрибан танҳо зиндагӣ мекунем.”
Бар асоси гузориши муассисаи миллии омор, наздик ба 40 дарсад аз афроди болои 75 сол дар Италия дар соли 2018 ба танҳои зиндагӣ кардаанд. Ҳамин теъдод ҳамчунин гуфтаанд, ки ақвом ва дӯстоне надоранд, ки дар сурати ниёз ба онҳо муроҷиа кунанд.
Ҳамсояҳои Берто, ки аз сентябри 2019 ӯро надида буданд, гумон мекарданд, ки ӯ бо шурӯъи ҳамагирии вируси коруно, ки дар соли 2020 шимоли Италияро даргир кард, аз он ҷо нақли макон кардааст.
Пулиси Италия дар хона ва маҳал ҳеҷ чиз ва нишонае, ки далолат бар ҷурму ҷиноят ва қатли амдӣ дошта бошад, пайдо накард. Интизор меравад Шӯрои маҳаллӣ ҳазинаи ташйиъи ҷаноза ва дафни ӯро бипардозад.
Рӯзномаи “Эл Масаҷроу” дар мавриди кашфи ҷасади ин зани солманд навишт: “муаммои зиндагии Маринелла дар пушти дари бастаи хонааш ба мо дарси ваҳшатноке медиҳад.”
Ин рӯзнома дар идома навишт: “Ғами воқеӣ ин нест, ки дигарон мутаваҷҷеҳи марги ӯ нашуданд, балки ин аст, ки мутаваҷҷеҳи зинда будани Маринелла Берто набуданд.”
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

