Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогери мухолифи тоҷик Шерзод Маҳмадҷонов маъруф бо “Абдураҳмон 09”-ро ба ифротгароӣ муттаҳам кард. Нисбати ӯ “парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст”.
Дар изҳороти Вазорати корҳои дохилӣ омадааст “нисбати шаҳрванд Маҳмадҷонова Шоҳида Давлатҷоновна, соли таваллуд 15.04.1977, сокини шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Хуросон, бинои 16, ҳуҷраи 20, тибқи талаботи моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)) Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст”.
Ба Маҳмадҷонова аз 5 то 8 сол ҳабс таҳдид мекунад.
Ҳамчунин ВКД блогер ва мухолиф будани Абдураҳмон 09-ро рад карда, ӯро ҷинояткор муаррифӣ кардааст: “Ёдрас месозем, ки фарзанди дастгиршуда Маҳмадҷонов Шерзод Тулфорович, блогер ва ё ин ки опозитсионер набуда, балки барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористидошта дар ҷустуҷӯ қарор дорад” — омадааст дар идомаи изҳорот.
Шоҳида Маҳмадҷонова 5 рӯз қабл баъди даъват ба Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Ваҳдат нопадид шуд ва мақомот аз додани ҳар гуна маълумоте дар бораи ӯ худдорӣ мекарданд. Модари Шоҳида ба расонаҳо гуфта буд ҷустуҷӯи чандрӯзааш бенатиҷа андос ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол ВКД гуфтааст “барои ташкили вохӯрии дастгиршуда бо пайвандон шароит фароҳам оварда шуда, барои қабул ва таъмини ғизо мушкилӣ ҷой надорад”.
Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, пулис танҳо барои 72 соат барои боздошти шаҳрвнад ҳақ дорад. Дар ҳамин ҳол боздоштшуда бояд билофосила бо вакили дифоъ таъмин гардида ба хонаводааш ҳам аз ҷои будубошаш иттилоъ дода шавад. Бо гузашти ин муддат агар қарори додгоҳ барои ҳабси гумонбаршуда содир нашуд, боздоштшуда бояд озод гардад. Аммо ВКД баъди 5 рӯз аз боздошти Мамадҷонова хабар дода, изҳор доштааст “гумонбаршуда Маҳмадҷонова Ш. аз ҳамаи ҳуқуқҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, аз ҷумла аз ҳуқуқ ба ҳимоя, раддия изҳор намудан ба дигар ҳуқуқҳо бархурдор мебошад”.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

