Tuesday, March 31, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСарватмандтарин одами Осиё ҳиндустонист

Сарватмандтарин одами Осиё ҳиндустонист

 Шабакаи иттилоотии Indian Times навишт, ки соҳибкори миллиардери ҳиндӣ Гаутам Аданӣ сарватмандтарин марди Осиё дониста шуд. 

Тибқи шохиси Bloomberg, Адании 59-сола ба маблағи 88,5 миллиард доллар сарват дорад. Ӯ ҳамватани худ Мукеш Амбаниро зинае пас гузошта, сарватмандтарин марди Осиё шуд.

Дороии Гаутам Аданӣ ҳамин сол  тақрибан 12 миллиард доллар афзоиш ёфтааст. Ӯ дар феҳристи сарватмандтарин одамони ҷаҳон дар ҷои 10-ум қарор дорад. Инчунин дар рейтинги Forbes бо 90,2 миллиард доллар дар ҷои 10-ум қарор гирифт.

Гаутам раиси ширкати Adani Group Corporation мебошад. Корпоратсия ширкатҳоеро дар бар мегирад, ки дар соҳаҳои нақлиёт, тиҷорат, кишоварзӣ, истихроҷи маъдан, энергетика, амволи ғайриманқул, логистика фаъолият мекунанд.

Гуфта мешавад, ки ду сол қабл дороии Аданӣ ҳудуди 40 миллиард доллар будааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular