Аморот мегӯяд, сӯхтор дар сохтмоне дар маркази Абу-Дабӣ, ки бисёре дар шабакаҳои иҷтимоӣ онро ҳамлаи ҷадид қаламдод карданд аз инфиҷори як балони газ бархостааст. Сафорати Амрико ба шаҳрвандони худ ҳушдор додааст.
Хабаргузории расмии Аморот WAM мегӯяд, сӯхтор дар сохтмоне дар маркази шаҳри Абу-Дабӣ хомӯш карда шудааст.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шомгоҳи сешанбе 8 феврал тасовире аз ду инфиҷор дар наздикии хиёбони “Фотима бинти Муборак” дар Абу-Дабиро мунташир карданд.
Вуқӯъи ин инфиҷорҳо дар табақаҳои болои як сохтмони чандтабақа, ба сабаби ҳамалоти паҳподии ахири шибҳинизомиёни ҳусии Яман ба Аморот, гумонзаниҳое дар бораи ҳамлаи муҷаддади ин гурӯҳро барангехт.
Ба гуфтаи хабаргузориҳо, сафорати Амрико дар Аморот баъд аз ин инфиҷорҳо ба шаҳрвандони худ ҳушдор дода, ки тадобири эминиро риоят кунанд.
Аммо хабаргузории расмии Аморот мегӯяд, ин ҳодиса ношӣ аз инфиҷори балони газ буда ва оташхомӯшкунҳо сӯхтор дар ин сохтмонро хомӯш кардаанд.
Ин хабаргузорӣ аз мардуми Аморот хост, ахборро аз каналҳои расмии ин кишвар пай гирифта ва ба овозаҳо таваҷҷуҳ накунанд.
Дар тасовири мунташира дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки нерӯҳои амниятӣ ва оташнишонӣ билофосила озими маҳали ҳодиса шудаанд.
Сафорати Амрико дар Абу-Дабӣ баъд аз ин ҳодиса ҳушдор дод, ки гузоришҳое мабнӣ бар “ҳамлаи эҳтимолии мушакӣ ё паҳподӣ” бар фарози Абу-Дабӣ вуҷуд дорад.
Аморот аз замони ҳамлаи паҳподӣ ва мушакии ҳусиҳо ба ин кишвар дар 17 январ, ки ба кушта шудани се коргари ҳавзаи нафт анҷомид дар вазъият омодабош ба сар мебарад. Мақомот амороти мегӯянд, аз он замон се ҳамлаи мушобеҳро хунсо кардаанд.
Аморот аз кишварҳои ташкилдиҳандаи эътилофи таҳти раҳбарии Арабистон алайҳ шибҳинизомиёни Ҳусии таҳти ҳимояти Эрон дар ҷанги хонумонбарандози дохилии Яман аст. То кунун садҳо нафар дар ин ҷанг кушта ва миллионҳо нафар овора шудаанд.
Ҳамлае, ки дар 17 январ соли ҷорӣ ба Аморот анҷом шуд аввалин ҳамлаи маргбори ҳусиҳо ба хоки ин кишвар буд, ки фасли ҷадид дар ҷанги дохилии ҳафтсолаи Яман кушод ва ба обрӯи Аморот ба унвони кишваре амн дар минтақа осеб зад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

