Tuesday, March 31, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетН. Саид: Шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ҳузури худро дар Русия густариш хоҳанд дод

Н. Саид: Шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ҳузури худро дар Русия густариш хоҳанд дод

Шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ҳузури худро дар Русия густариш хоҳанд дод

Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотияш гуфт, ҳузури шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар Русия тақвият меёбад. 

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, афзуд, ки таҳкими пахши барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар Русия як бахши муҳими рушди соҳаи телевизиону радио дар кишвар аст.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон қасд дорад, пойгоҳи мутахассисони худро дар хориҷ аз кишвар, пеш аз ҳама дар Русия ва Қазоқистон такмил диҳад.

Раиси кумита гуфт, ки марҳилаи аввали иҷрои Барномаи давлатии рушди телевизион дар Тоҷикистон, ки то соли 2025 дар назар аст,  97 дарсад иҷро шудааст.

Ин гуфтаи Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар ҷавоби назарсанҷиҳо аксари сокинон дар дохили кишвар мегуянд, барномаҳои шабакаҳои телевиони давлатии кишварро тамошо намекунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular