Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоДидабони ҳуқуқи башар: Таҳримот алайҳи мақомотдорони тоҷик барои бадрафторӣ нисбати хонаводаҳои дигарандешон

Дидабони ҳуқуқи башар: Таҳримот алайҳи мақомотдорони тоҷик барои бадрафторӣ нисбати хонаводаҳои дигарандешон

Дидабони ҳуқуқи башар аз паймолшавии ҳуқуқи башар, бахусус ҳуқуқи пайвандони фаъолони сиёсӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, аз Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва дигар шарикони Тоҷикистон хост алайҳи мақомдорони Тоҷикистон таҳримҳо вазъ кунанд.

Созмони Дидабони ҳуқуқи башар (HRW), аз созмонҳои байналмилалии умдаи дифоъ аз ҳуқуқи башар, бо ҳамроҳи Кумитаи Ҳелсенкии Норвегия дар пайи интишори баёнияи муштараке ба номи “Тоҷикистон: Бадрафторӣ нисбат ба хонаводаҳои дигарандешон” аз фишорҳои мақомоти амниятии Тоҷикистон алайҳи бастагон ва хонаводаҳои се фаъоли сиёсӣ: Шуҳрати Раҳматулло, Вайсиддин Одинаев ва Илҳомҷон Ёқубов ба шиддат интиқод карданд.

Тарҷумаи баёнияи мазкур ба таври зайл аст:

“Хадамоти амниятии Тоҷикистон алайҳи пайвандони ҳадди ақал 3 фаъоли сиёсӣ, ки дар хориҷ аз кишвар ба таври мусолиматомез аз ҳукумат интиқод мекунанд, даст ба иқдомҳои нав заданд, омадаааст дар баёнияи Дидабони ҳуқуқи башар ва Кумитаи Ҳелсенкии Норвегия.

Хадамоти амниятии Тоҷикистон хешовандони ин афродро худсарона боздошту бозпурсӣ карда, молу мулкашонро мусодира кардаанд ва дар як маврид як хешовандони оҳоро, ки бо иттиҳоми сиёсӣ дар зиндон қарор дорад, латукӯб кардаанд. Ин ду созмони ҳомии ҳуқуқ аз Амрикову Иттиҳодияи Аврупо ва дигар бозигарони муҳими байналмилалӣ хостаанд, то бо иттифоқи оро ҳукумати Тоҷикистонро ба манъи интиқомҷӯӣ аз хешовандони мунтақидони ҳукумат даъват кунанд.

«Тарсондани афрод барои фаъолияти осоиштаи сиёсии узви хонаводаашон шармовар ва нобахшиданист. Мақомоти Тоҷикистон бояд билофосила ба мусодираи худсаронаи молу мулк ва дигар амалҳои интиқомҷӯёнаро хотима диҳанд.”- гуфт Мариус Фоссум, намояндаи минтақавии Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар Осиёи Марказӣ.

Ҳукумати Тоҷикистон бо бастани ҲНИТ, умдатарин ҳузби мухолифи кишвар,  пайиҳам ба зиндон андохтани мухолифон, табъизи журналистон ва созмонҳои ғайридавлатӣ шадидтарин маъракаи саркӯби ҳуқуқи инсон дар 20 соли охирро ба роҳ андохтааст. Мақомот ниҳоди мустақилли ҳуқуқии кишварро ҳадаф қарор дода, ҳадди ақал 6 адвокатро зиндонӣ карданд. Интиқомгирӣ ва муҷозоти коллективӣ алайҳи хешовандони мунтақидони ҳукумат дар дохил ва беруни кишвар як бахши чашмраси ин саркӯб шудааст.

Иқдомоти ахир алайҳи хонаводаҳо ба таври зайл аст:

Шӯҳрати Раҳматулло

Шӯҳрати Раҳматулло журналисти машҳур дар шабакаи телевизонии мухолифин «Паём” асӣ, ки дар хориҷ аз кишвар мустақар аст. Ӯ ба таври мунтазам дар мавриди таҳаввулоти сиёсӣ дар дохили Тоҷикистон, аз ҷумла гузоришҳои интиқодӣ оиди таъқиботи ҳукумат гузориш медиҳад.

Манобеъи муътамад дар суҳбат бо Дидабон ҳуқуқи башар ва Кумитаи Ҳелсенкии Норвегия гуфтанд, ки дар авоили декабр зиндонбонҳо аз падараш, Раҳматуллои Раҷаб, яке аз масъулини баландпояи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки дар пайи додгоҳи ноодилона дар моҳи июни гузашта ба 28 сол зиндон маҳкум шуда буд, интиқом гирифтанд. Масъулини зиндон ӯро дар сулули инфиродӣ андохта, ӯро ба шиддат латукуб карданд ва ба ӯ гуфтанд, ки ин латукуб ба хотири гузоришҳои писараш буда, “агар писарат хомуш шавад, мо ҳам озори туро бас мекунем”.

Мақомоти амниятӣ ҳамчунин ҳамсари Раҳматуллои Раҷабро моҳи декбар барои чанд рӯзи бозҷӯӣ дар Душанбе эҳзор карда, ба ӯ таҳдид карданд, ки писараш билофосила ба фаъолиятҳои журналистиаш хотима диҳад. Ба ӯ (модари Шӯҳрат) дар чанд ҳафта иҷоза надоданд, то барои шавҳараш маводи ғизоӣ бубарад ё бо ӯ мулоқот кунад. Шуҳрат ба Дидабони ҳуқуқи башар гуфт, ки ӯ дар ҳафтаҳои ахир чандин таҳдид ба қатлро дарёфт кардааст. Як шахс дар сафҳаи назарҳо дар Ютюб, ки барномаи хабарии ӯ дар он пахш мешавад, чунин навишт: “Мо офиси хабарии шуморо пайдо хоҳем кард ва шуморо мекушем. Шумо тулонӣ давом нахоҳед кард!”.

Вайсиддин Одинаев

Рӯзи якуми декабр, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои анҷоми мулоқоти расмӣ бо Милос Земан, раисҷумҳури Чех дар Прага расид. Вақте ҳайати ҳамроҳи Раҳмон дар майдони Прага расиданд, шуморе аз тазоҳуркунандагони мусолиматомези тоҷик, аз ҷумла Вайсиддин Одинаев, фаъоли сиёсӣ, бо овози баланд фарёд карданд, ки Раҳмон як диктатор аст ва шиореро бардоштанд, ки дар он навишта буд: “Раҳмонов, аз мардум нагурез!”

Тазоҳуркунандагон гуфтанд, ки чанд тан аз мақомоти амниятии Тоҷикистон бо либосҳои мулкӣ ба онҳо наздик шуда, саъй карданд тазоҳуроти эътирозии онҳоро манъ кунанд ва гуфтанд: “Мо Шуморо ҳамин ҳоло инҷо мекушем!”

Тақрибан соати 11-и зуҳри 6-уми декабр, мақомоти амнияти тоҷик бобои пирамарди 75-солаи Одинаев, Қудрат Оевро, ки дар Ҳисор зиндагӣ мекунад, ба маркази пулиси Шаҳринав бурад, ӯро ба муддати 5 соат ба хотири фаъолиятҳои оппозитсиюнии наберааш бозҷӯӣ карданд. Вақте падарбузургаш суол кард, чаро пулис як пирамарди 75-сола, ки солҳост наберааш надидааст, боздошт мекунанд. Кормандони пулис дар ҷавоб гуфтанд: “Ба Вайсиддин барои боздоштат раҳмат бигу”.

Вайсиддин Одинаев, бародари Эҳсон Одинаев, блогнавис ва як фаъоли мухолифон, ки 20-уми моҳи майи соли 2015 дар Петербурги Русия нопадид шуд, пас аз ин ки мақомоти тоҷик ӯро таҳти пайгарди қонунӣ қарор доданд ва эълон карданд, ки ӯ бар асоси иттиҳомот дар ҷароими интернетии номушаххас мавриди пайгард аст ва номашро дар листи Интерпол гузоштанд.

Илҳомҷон Ёқубов

Пас аз ширкати Илҳомҷон Ёқубов, як узви шинохтаи ҲНИТ дар конфронси байниҳукуматӣ дар мавриди ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ  дар Варшаваи Лаҳистон, мақомот борҳо хешовандони ӯро мавриди фишору таъқиб қарор доданд. Ёқубов дар филми мустанади “Тоҷикистон: Шикори мунтақидон дар дохил ва хориҷ”, ки дар конфронси солонаи САҲА дар Варшава ба намоиш гузошта шуд, ширкат кард.

Бар асоси манобеъи наздик ба хонаводаи Ёқубов дар суҳбат бо Дидабони ҳуқуқи башар ва Кумитаи Ҳелсенкии Норвегия гуфтанд: “Дар давоми ду моҳ пас аз ин конфронс, шуморе аз бастагони Ёқубов ночор Тоҷикистонро тарк карданд. Мақомоти амниятӣ дар вилояти Суғд, минтақае дар шимоли Тоҷикистон, манзилҳои хешу таборашро ҳамчун чазо мусодира карданд ва бародарони калониаш бедарак шудааст.”

Рӯзи 20-уми сентябр, пас аз ин ки Ёқубов бо ҳамроҳи чанд тани дигар аз аъзои ҲНИТ ва ҳаракати мухолифи “Гурӯҳи 24” дар конфронси Варшава даст ба тазоҳурот заданд, мақомоти амниятии тоҷик 30 нафар аз хешовандони ин тазоҳуркунандагонро дар саросари Тоҷикистон барои бозҷӯӣ эҳзор ва боздошт карданд. Модар ва бародару хоҳари Ёқубов низ боздошт ва таҳдид шуданд.

Аз 22 то 27-уми сентябр, мавориди фишору таъқиб идома дошт ва беш аз 200 нафар дар назиди манзилҳои хешу табораш дар Хуҷанд тазоҳурот карданд. Ин анбуҳи мардум фарёд мезаданд, ки Ёқубов “душмани халқ”, “хоин” ва “террорист” аст ва сангҳоро ба даруни хонаи модару хоҳараш меандохтанд ва ду бор саъй карданд, ки ба зур дохили хона шаванд. Рӯзи 26-уми сентябр, мақомоти амниятӣ таҳдид карданд, ки агар Ёқубов билофосила ба Тоҷикистон барнагардад, молу мулки онҳо мусодира хоҳанд шуд.

Модару хоҳари Ёқубов баъди ин Тоҷикистонро тарк карданд. Фаррух Ёқубов, бародари бузурги ӯ ба сабаби интиҳои гузарномааш натавонист аз кишвар хориҷ шавад. Хешовандонаш гуфтанд, ки ӯро охирин бор байни 10 ва 12-уми окятбр дидаанд. Хонавода аз он нигарон ҳастанд, ки шояд ӯ боздошт ва ба зурӣ нопадид шуда бошад.

Муддати кутоҳе пас аз ин ки модару хоҳари Ёқубов Тоҷикистонро тарк карданд, як гурӯҳи 7-нафара ба дохили манзили Ёқубов, ки то пеш аз ҳиҷраташ дар он зиндагӣ мекард, даромаданд. Шоҳидон мегӯянд, ки ин мардҳо худро кормандони хадамоти амниятӣ муаррифӣ карданд ва гуфтанд, ки омадаанд то молу мулкро мусодира кунанд. Онҳо ашёи гаронбаҳоро дуздида, молу мулкро мусодира ва ба дари манзил муҳр заданд. Ҳамчунин, мақомоти амниятӣ манзилҳои модару хоҳари Илҳомҷон Ёқубовро мусодира ва муҳр заданд.

Ёқубов аз тариқи телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ таҳдид ба қатл дарёфт кард, аз ҷумла як нафар гуфт, ки онҳо ӯро дар Аврупо ёфта ва мекушанд.

Хулоса

ИМА, Иттиҳодияи Аврупо ва дигар бозигарони байналмилалии калидӣ бояд ҳукумати Тоҷикистонро водор кунанд, ки ба ин бадрафториҳо хотима диҳад ва ӯҳдадориҳои байналмилалиашро дар мавриди эҳтироми озодиҳои иттиҳодияҳо, гирдиҳамоӣ, баён ва озодии динӣ иҷро намояд.

Онҳо (ИМА, ИА ва дигар кишварҳои байнамлилалӣ) бояд дар мавриди эъмоли таҳримоти мушаххас, монанди масдуд кардани сармояҳо ва мамнуъияти судури виза нисбати мақомотдорони тоҷик, ки дар худсарона зиндонӣ кардани фаъолони мусолиматомез, шиканҷа ва дигар нақзи вазнини ҳуқуқи инсон даст доранд, омодагӣ дошта бошанд.

Стив Свердлов, пажӯҳишгари Осиёи Марказӣ дар созмони Дидабони ҳуқуқи башар гуфт: «Интиқоми хушунатомез аз аъзои хонаводаҳои дигарандешон зоҳиран яке аз шеваҳоест, ки ҳукумат ба он бартарӣ медиҳад. Вошингтон, Брюссел ва дигар шарикони байналмилалии Тоҷикистон бояд дар мазҳари ом ва бо роҳҳои маҳрамона ба Тоҷикистон фишор биоранд, то аз ин бадрафторӣ даст бикашад.”

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика