Tuesday, March 31, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКорхонаи истеҳсоли пул оташ гирифт

Корхонаи истеҳсоли пул оташ гирифт

Хабаргузории Metro интишор кардааст, ки дар шаҳри Шамалер дар минтақаи чопхонаи бонки Фаронса  сӯхтори калон ба амал омад.

Аз наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд, дида мешавад, ки дуди ғализ аз корхонаи пулчопкунии Бонки марказӣ мебарояд. Гуфта мешавад, ки сӯхтор дар ташхисгоҳи  чопӣ рух додааст.

Ба гуфтаи расонаҳои маҳаллӣ, дар ин сӯхтор талафоти ҷонӣ  нашудааст, аммо 34 нафар бо ҷароҳатҳои сабук ба бемористони Клермон-Феррана интиқол ёфтаанд. Дар маҷмӯъ 387 нафар кормандон дар дохили бино буданд.

Сӯхторнишононе, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд, сӯхторро «бисёр қавӣ» арзёбӣ кардаанд, аммо дар натиҷаи амалиёти фаврии наҷотдиҳандагон паҳншавии сӯхтор коҳиш ёфтааст. Барои хомӯш кардани сӯхтор 60 нафар оташнишонҳо ва 24 мошини махсус ҷалб шудаанд.

Роҳбари фабрика Пер-Ив Буассино гуфт, ки сӯхтор бешубҳа ба истеҳсолот таъсир хоҳад дошт, аммо на дар ин миқёси бузург. 

То ҳол иллати сӯхтор мушаххас нашудааст.

Бино ба гузоришҳо, матбааи Шамеле панҷяки асъори пули коғазии кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро тавлид мекунад. Коргоҳ дар як сол 2,5 миллиард варақа пул чоп мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular