Tuesday, March 31, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНомаҳои пинҳонии Доналд Трамп ва Ким Чен Ин ошкор шуданд

Номаҳои пинҳонии Доналд Трамп ва Ким Чен Ин ошкор шуданд

Нашрияи Вашингтон Пост бо такя ба манобеъи хабарии худ навиштааст, ки маъмурони бойгонии миллии ИМА аз мулки дар Флорида доштаи Трамп якчанд қуттии пур аз мактубҳоро мусодира кардаанд. Дар байни аснод номаҳои пинҳонии аз роҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин гирифтааш ҳам буданд.

Ба навиштаи нашрия, Трамп ҳангоми рафтанаш ҳуҷҷатҳоро аз Кохи Сафед бо амволи худ бурдааст. Ин ҳама ҳуҷҷатҳои расмии раисҷумҳури собиқ  моликияти давлат шудаанд. 

Соли 1978 дар ИМА қонун дар бораи сабти санадҳои раисҷумҳур қабул шуда буд. Мувофиқи ин қонун ҳамаи мактубҳои Трамп ба шӯъбаи бойгонӣ бурда мешаванд.

Рӯзнома менависад, ки дар байни мактубҳои мусодирашуда ба ғайр аз номаҳои Ким Чен Ин, ки худи Трамп замоне онро «номаҳои ошиқона» унвон карда буд, паёме аз Барак Обама ҳам ҳаст, ки барои вориси худ дар соли 2016 боқӣ мондааст.

Коршиносоне, ки бо мухбирони нашрия мусоҳиба кардаанд, гуфтаанд, ки ба гумон аст, ки Трамп барои нақзи қонун дар бораи нигаҳдории ин ҳуҷҷатҳо ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Як корманди собиқи Кохи Сафед гуфтааст, ки раисиҷумҳури пешин бо ин номаҳои худ ягон ҳадафи нопок доштанаш номумкин аст.  Вай гуфт, ки интиқоли бойгонӣ чун моликияти хусусӣ гувоҳи одати Трамп аст, ки ӯ дар давраи фаъолияташ ба ҳайси соҳибкор анҷом медод.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular