Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоМарди тоҷик дар 36 соли хаёти оилавӣ ҳамагӣ 3 СОЛ канори хонумаш...

Марди тоҷик дар 36 соли хаёти оилавӣ ҳамагӣ 3 СОЛ канори хонумаш мемонад

Орзу Исоев яке аз равшанфикрони тоҷик дар саҳифаи фейсбукии худ дар бораи муҳоҷират ва зиндагии имрӯзи зану марди тоҷик навиштаеро нашр кардааст, ки таваҷҷуҳи хелеҳоро ба худ кашидааст. Ӯ ҳисоб карда мегӯяд зани тоҷик дар тули 36 соли зиндагии оилавиаш танҳо 3 сол дар оғуши шавҳараш аст ва боқии умрашро дар танҳоиву интизор мегузаронад. Инак навиштаи Орзуро пешкаши шумо менамоем. 

Қиссаи пурдарди Доро Суҳроби бобати бозгашти падараш аз ҳиҷрат такони сахти равониям дод. Маҷбурам, ки як омори инфиродиямро пешоруи ҷаноби Зиндагӣ бигзорам, то шумоҳо низ ба аъмоқи масъала фуру равед.
Бубинед, як марди муҳоҷир дар имтидоди як сол фақат як бор имкон дорад, ки ба пеши хонуми худ баргардад. Ин мард на кам, на беш, тақрибан як моҳ канори хонумаш мемонад ва боз 11 моҳи тулонӣ сар ба куи ғурбат мезанад. Агар 12 сол бад-ин минвол гузарад, аз руи ҳисобҳо танҳо 1 соли ҳамоғушиву ҳамбистарии мард бо хонумашро ташкил медиҳад. Марди 20 сола агар то 56 солагӣ дар ҳиҷрат бошад, пас тули 36 соли ҳаёти оилавӣ ҳамагӣ 3 СОЛ канори хонумаш мемондаасту бас! Ҳазор офарини зани тоҷик! Ҳазор таҳсини марди тоҷик! Хазорон ҳамд бар он кудаки падардори бепадар.
…боре як рузноманигор аз ман суол кард, ки чӣ нафаре улгуи ман дар ҷодаи сиёсат ва умуман дар ҳаёт аст. Ман гуфтам, касе аз ҷаҳони сиёсат углуи ман нест. Алъон садо мезанам, ки улгуи ман, идеоли ман ҳамон марди бесаводи рустоист, ки руи китф кулвори сахту сангини замонро сабурона мебардорад. Улгуи ман ҳамон бонуи хонабон аст, ки умрбод дар пои панҷара ба танҳоӣ менишинад ва ҷавонияшро пеши мақдами ҳиҷрат ба қурбонӣ месупорад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика