Tuesday, March 31, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАвстралия сафорати худро муваққатан аз Киев ба Лвов интиқол дод

Австралия сафорати худро муваққатан аз Киев ба Лвов интиқол дод

Интерфакс хабар додааст, Марис Пейн, вазири умури хориҷаи Австралия рӯзи якшанбе гуфт, ки сафорати ин кишварро аз Киев ба Лвов муваққатан тахлия мекунад, зеро вазъ дар марзи Русия ва Украина шиддат дорад. 

Пейн гуфт, ки ҳукумат ба австралиягиҳо тавсия медиҳад, ки фавран Украинаро тарк кунанд.

Сарвазири Австралия Скотт Моррисон дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки вазъ «ба марҳалаи хеле хатарнок расидааст». Ҳамзамон вай Чинро муттаҳам кард, ки ба иқдомоти Русия вокуниш нишон надодааст.

Моррисон гуфт, «ҳукумати Чин аз интиқод аз Австралия лаззат мебарад. Аммо дар мавриди таҷаммӯи нерӯҳои Русия дар марзи Украина сукут кардааст.»

Рӯзҳои ахир бисёре аз кишварҳо тасмим гирифтанд ҳузури дипломатии худро дар Украина коҳиш диҳанд. Рӯзи 11 феврал маъмурияти раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден гуфт, ки Русия ба ҳамлаи эҳтимолӣ ба Украина омодагии хуб дорад ва метавонад онро “ҳар вақт” оғоз кунад.

Кохи Сафед ба амрикоиҳо тавсия дод, ки дар давоми ду рӯзи оянда кишварро тарк кунанд ва тавзеҳ дод, ки вазъ дар парвозҳои ҳавоӣ баъдтар метавонад  бадтар шавад. Дар давоми рӯз 30 кишвар ба шаҳрвандони худ муроҷиат карданд, ки Украинаро тарк кунанд ё ба он ҷо нараванд: ИМА, Британияи Кабир, Олмон, Туркия, Австралия, Белгия, Италия, Исроил, Испания, Канада, Латвия, Нидерландия, Зеландияи Нав, Норвегия, Дания, Македония, Финляндия, Черногория, Эстония, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Швейтсария, Шветсия, Марокаш, Полша, Литва, Кувайт, Урдун, Руминия, Фаронса.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular