Orda.kz менависад, эътирозҳо дар Алмаато, бузургтарин шаҳри Қазоқистон аз сар гирифта шуданд. Тазоҳургарон, ки хотираи қурбониёни ҳодисаҳои «Январи хунин»-ро ба ёд меоранд, пеш аз ҳама барои қурбониён дуо карданд.
Соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ мардум дар назди муҷассамаи Истиқлол дар шаҳр ҷамъ омаданд. Баъди ду соат шумораи эътирозгарон ба 700 нафар расид.
Дар баробари ин, полис ба намоишҳои беиҷозат мухолиф нест. Гуфта мешавад, ки дар ин минтақа ҳамагӣ се мошини пулис мавҷуд аст. Мошинҳои ёрии таъҷилӣ аллакай омадаанд. Кормандони пулис хиёбони Назарбоев ва мошинҳоро аз кӯчаи Ҷелтокан ба тарафи дигар равона мекунанд.
Эътирозгарон дар даст плакатҳо ва шиорҳое доштанд, ки навиштаҷоти «Озодӣ ба бегуноҳон», «Мардум террорист нестанд», «Январи хунинро фаромӯш намекунем ва намебахшем» ва «Тирпарронии бидуни огоҳӣ ҷиноят алайҳи мардум аст» доранд.
Дар митинг як катор ходимони сиёсй ва фаъолони чамъиятй низ чамъ омада буданд. Дар байни онҳо Достим Сатпаев, Санҷар Боқаев, Булат Абилов, Ораз Ҷандосов, Ҷанболат Мамай ҳастанд.
Талаботи аслии наздикони қурбониён ва қурбониёни терроризм таҳқиқи беғаразонаи парвандаҳои ҷиноӣ ва раҳоии афроди боздоштшуда мебошад.
Дар ҳоли ҳозир дар маҳалле, ки тазоҳурот баргузор мешавад, мушкилоти техникӣ дар шабакаи интернет вуҷуд дорад. Имкон дорад, ки ин ҳолатро хукумат мисли намоишхои пештара карда бошад.
Муҳим он аст, ки эътирозҳо пас аз як моҳи рафтани нерӯҳои СПАД, ки барои саркӯб кардани ҳаводиси «Январи хунин» вориди кишвар шуда буданд, дубора авҷ гирифт.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

