Tuesday, March 31, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетОё ҳангоми парҳез аз шириниҳо комилан даст кашидан дуруст аст?

Оё ҳангоми парҳез аз шириниҳо комилан даст кашидан дуруст аст?

Занҳое, ки мехоҳанд аз вазни зиёдатӣ халос шаванд, аввал аз кам кардани миқдори маҳсулоти ширин  оғоз мекунанд. Ин ки ширинӣ фарбеҳ мекунад, дуруст аст, аммо парҳез гуфта, якбора истеъмоли онро қатъ кардан, ба саломати зарари ҷиддӣ расониданаш мумкин аст. 

Расонаи хабарии РИА Новостӣ аз сӯҳбат бо мутахассиси парҳезшинос (диетолог) Евгения Беликс дар бораи зарари парҳез аз ширинӣ навиштааст. 

Беликс гуфтааст: “Парҳез барои тани одам як такони бузург аст. Аммо аз шириниҳо тамоман даст кашидан низ ғайриимкон аст — он метавонад боиси афсурдаҳолӣ (депрессия), васваса (апатия) ва асабоният  гардад. Одам бояд ҳангоми парҳез истеъмоли шириниро идома диҳад. Масалан, 30 грамм шоколади сиёҳ дар як рӯз ҳеҷ гоҳ зиён намерасонад, баръакс табъро хуш, асабишавиро дур мекунад.

Мутахассисони тиб, хусусан диетологҳо усулҳои хеле гуногуни парҳезро таҳия кардаанд. Шоколади талх дар бисёр нишондодҳои махсуси парҳезӣ низ мавҷуд аст. Зеро шоколад дорои моддаҳое мисли кофеин ва теобромин аст, ки фаъолияти мубодилаи моддаҳоро беҳтар намуда, боиси кам шудани вазн мегардад.

«Шоколад аз сабаби серравган будан ва нерӯи баланд доштанаш,  иштиҳоро зуд гум мекунад ва гуруснагиро қонеъ мегардонад. Углеводҳо, ки ҳангоми парҳез бештар истеъмол мешаванд, зуд ҳазм мешаванд. Ва ин аксар вақт ба эҳсоси гуруснагӣ оварда мерасонад. Шоколад бошад,  аз сабаби какао доштанаш маҳсулоти зуд ҳазмшаванда нест.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular