Monday, March 30, 2026
Место для Реклама!

ЧИЛИ

Албатта бо шунидани номи Чили бисёриҳо мавзеи истироҳат пеши назарашон меояд, чунки бештар бо ҳамин самт ба мардум шинос аст. Маънои номи ин давлат аз шеваҳои мардумии забони испанӣ “ҳудуди сард” мебошад.  Дар Амрикои Ҷанубӣ дар қисмати ҷанубу ғарбӣ воқест, ки давоми 4630  км мавзеъ тӯл кашидааст ва савоҳилаш бо обҳои уқёнуси Ором шуста мешавад. Пойтахташ Сантяго, ки соли 1541 ташкил ёфта аст,  низ дар водие ҷойгир шуда, ки атрофашро кӯҳистони Кордилера ва Анди фаро гирифтааст.  Воқеан инҳо  кӯҳҳои дарозтарин тӯлкашида дар курраи Замин маҳсуб меёбанд, ки барашон 500 км ва дарозиашон то 9000 км расидааст.  Ин кӯҳҳо захираҳои хеле бузурги метали мисро дар худ доранд, ки даромади хубе барои давлат меоранд. Дар истеҳсоли мис Чили дар дунё ҷойи аввалро ишғол кардааст.  Аҳолии пойтахт ба 5, 4 миллион нафар расидааст. Шаҳрҳои калонтарини кишвари Чили — Икике, Валдивия, Арика, Валпараисо, Талка, Саантяго ва ғайра.

Халқи дар ин ҷо зиндагикунанда аҷдоди беҳад омехта доранд. Ин ҷо испаниҳо ва ҳиндуён бештар омехта рафтаанд. 70% аҳолӣ дар шохаи католикии дини насронӣ, 15% протестантӣ 12% конфусии, 7, 3% шамани ва ғайраро тобеанд. Чили ҳамсарҳад аст бо Аргентина, Боливия  ва Перу. Масоҳати умумии кишвар 756 ҳазору 950 км мурабба. 

Маориф

Шурӯъ аз соли  1920 маълумоти миёна доштани аҳолӣ дар ин ҷо ҳатмӣ дониста шудааст. Сафи бесаводонро ҳамаги 4% аҳолӣ ташкил мекунанд, ки дар ҳудуди Амрикои Ҷануби камтарин нишондиҳанда аст. 
Давомнокии таҳсилро дар се марҳила муайян намудаанд, ки аввалаш марҳилаи томактаби дар ду зина (ясли ва боғча) , дувумаш марҳилами маълумоти миёна дар се зина (Ибтидоӣ, миёнаи нопурра ва пурра) ва марҳилаи савум, маълумотҳои техникӣ, миёнаи махсус ва олӣ. Қароре, ки соли 2009 таҳти рақами 20.370 қабул шуд назорати боғчаву макотибу литсею гимназияву коллеҷҳоро ба зиммаи вазорати маориф ва донишгоҳу донишкадаҳоро бар зиммаи Шӯрои олии маориф гузошт. 

Дар ясли кӯдакон то дусолагӣ ва дар боғча то 6 солагӣ боқӣ мемонанд. Баъд ба синфи ибтидоӣ қабул мешаванд. Бо гузашти як сол қобилияти хонанда ва дараҷаи азхудкуниашро равоншиносони варзида муайян намуда ба равияҳои таҳсил тақсим мекунанд. То соли 1920 таҳсили ҳатмӣ 4 сол буд. Шурӯ аз соли 1965 8 сол гардид. Бар асоси шохаси тавсеаи инсонӣ созмони миллали муттаҳид , Чили дар заминаи таҳсил баъд аз Аргентина дар зинаи дувум қарор дорад. Дар озмунҳои мухталиф байни донишомӯзони кишварҳои мухталифи тобеи минтақа толибилмони чилигӣ натичаҳои хеле назарраси саводнокиашонро собит сохтаанд.  Аммо тибқи рейтингҳои ҷаҳонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд сифати таълими системаи маорифи Чилӣ миёни 141 давлат дар ҷойи 87-ум ва дар самти риёзиёт дар ҷойи 121-ум аст. ,
Мӯътабартарин даргоҳи улум дар Чили донишгоҳу донишкадаҳои зеринанд: Universidad de Chile, Pontificia Universidad Católica de Chile, Universidad ADOLFO IBAÑEZ, Universidad Técnica Federico Santa María ва  Universidad de Santiago de Chile. Байни донишгоҳҳои шахсӣ маъмултаринҳо  INACAP  ва  DUOC маҳсуб меёбанд. 

Иқтисодиёт

Дар пешрафти иқтисодӣ ҷойгоҳи шашумро  ишғол намудааст Чили миёни давлатҳои дигари Амрикои лотинӣ аз назари тавлиди нохолиси дохилӣ.  Аз рӯйи маълумоти бонки ҷаҳонӣ ин кишвар дар зинаи табақабандишудаи давлатҳои даромадашон бузург қарор дорад. Асосан иқтисодиёт аз ҷониби соҳаҳои хизматрасонӣ 61,6 % маҷмӯи маҳсулоти дохилӣро ташкил дода, баъдан саноати кӯҳӣ, ки 14, 5 % ММД-ро ташкил медиҳад, пеш меравад. Дар ин давлат хеле хуб ба роҳ монда шудааст истеҳсоли мис, литиюм ва йод, Ҳатто салтанати мис ҳам мегӯяд ин ҷоро. Инчунин  содироти маҳсулоти хӯрокворӣ ангур, лӯбиёиҳо, олу, қот, себи хушконида ва дигар сабзавот комёб роҳандозӣ шудааст. Миқдори мисе, ки дар ин ҷо истихроҷ  ва содир мешавад 34%-и миси бозори ҷаҳониро ташкил медиҳад. Дар ду минтақаи чили — Чукикамата ва Эл Салвадор дар шимоли кишвар ва Эн Тенсел дар наздикии Сантьяго   20%  и захираҳои ҷаҳонии мис вуҷуд дорад.

Бузургтарин ширкати истеҳсоли Молимет 60%-и рении бозори ҷаҳониро таъмин мекунад ва дар истеҳсоли молибден дар дунё ҷойи 3-юмро ишғол кардааст. Инчунин нақши бузургеро дар самти пешрафти иқтисодӣ истеҳсолу содироти оҳан, нитрат, селитра, тилло ва нуқра, литий дорад. Баъди он ки аккамуляторҳои литийи ихтироъ ва истеҳсол шуд, нархи литийи дар ин давлат истеҳсолшаванда хеле афзуд. Дар даҳсолаи охир 42%-и метали литийро дар бозори ҷаҳони Чилӣ таъмин мекунад. Дар як сол ба Олмон ва ИМА 11 000 тонна метали мис содир кардааст Чили.
Дар никурраи ҷанубӣ Чили ҷойи аввалро дар истеҳсолу содироти меваҷот ишғол намудааст. 60 дарсади маҳсулоти кишоварзии истеҳсолшуда дар ин давлат, содирот мешавад. Хусусан дар содироти ангур ва қоти сиёҳ,олу, авокадо, гандум, ҷуворимакка, ҷав, картошка,биринҷ ва ғайра пешсаф аст. Дар истеҳсоли гӯшт ҷойи аввал насиби гӯшти паранда аст. Гӯшти хук ҳам фаровон истеҳсол мешавад, аммо хеле фаровон ба Ҷопону Корреяи Ҷанубӣ содир карда мешавад. 

Инак маҷмӯи маҳсулоти дохила 507миллиард долларро ташкил кардааст, ки миёни давлатҳои тараққикарда дар зинаи 42-юм қарор дорад. Сари ҳар нафар аҳолӣ ба миқдори 27 ҳазору 58 доллар рост меояд. 

Акнун баъзе маълумотҳои аҷибро гӯш кунед. Ҳарчанд, ки забони расмии давлатӣ забони испанӣ дониста мешавад, дар Чили даҳҳо намуд забонҳои гуногуни ҳиндуӣ дар муошират кор фармуда мешавад. 

Мардуми Чили халқи ҳамсоядавлат Аргентинаро сахт бад мебинанд ва чандин бор нияти ҷанг ҳам доштанд. Бюрократия, яъне дасисабозӣ, қоғазфаровонӣ дар ин ҷо мисли давлати Русия аст. Барои ҳар корро оғоз кардан бояд аз якчанд идораву массисаҳо қоғаз пеш орӣ. Дар ин давлат он қадар бисёр ва пай дар пай зилзила ба миён меояд, ки баъзе ҳолатҳоро ҳатто эътибор намедиҳанд. Толибилмони макотиби Чили то синфи 8-ум ба тамоми нақлиёти ҷамъиятӣ бояд ройгон савор шаванд. Беобтаринбиёбони дунё Атакама ҳам дар ҳамин ҷост. Як одати аҷибе вуҷуд дорад дар ин давлат, ки ҳангоми ба хона даромадан мисли мо пояфзолашонро намекашанд. Ҳатто агар дар кӯча ҳама ҷо тару лой бошад ҳам. 18-уми сентябр ин ҷо иди Ватан қайд карда мешавад, ки бояд ҳама дар хонааш парчами давлатро насб карда монад. Агар дар ягон хона байрақ намоён набошад, ҷарима меситонанд. Халқи Чили аҳамият намедиҳанд, ки дар куҷо нишастаанд. Дар замин ҳам, дар роҳи мумфарш ҳам нишастан мегиранд.  Маъмултарин навъи варзиш ин ҷо футбол ба шумор меравад. Дар ташкили митингу бархостҳои мардумӣ низ бисёр мутаваҷҷеҳанд. Шоиронро эҳтиром мекунанд ва бештар дар варақаи пулашон сурати шоирон дида мешавад. То хатми мактаб толибилмон фанни санъати тасвириро дар қатори фаннҳои асосӣ меомӯзанд. Дар Чили морҳои заҳрдор вуҷуд надоранд, аммо тортанакҳои заҳрдор хеле бисёранд. Дар самти ҷанубии Чили гурбаҳои обӣ ва пингвинҳо умр ба сар мебаранд. Аз шарбати дарахти палма дар Чили асал ҳам тайёр карда мешудааст. Оилаҳои шумори одамонашон миёна ҳам лоақал 4 нафар фарзанд доранд. Ҳарчанд Чили минтақаи бехавфтарину оромтарин ба шумор меравад миёни дигар давлатҳои қитъаи амрико, ба ҳар ҳол  баъди каме торикӣ фаромадан , дар кӯчаҳои Чили танҳо набудан беҳтар аст. 

Соима Саидӣ

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular