Tuesday, March 31, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАз кормандони мақомоти андоз бархе танбеҳ гирифтанд, бархе мансаб

Аз кормандони мақомоти андоз бархе танбеҳ гирифтанд, бархе мансаб

Давоми як соли ахир 302 кормандони мақомоти андоз дар Суғд танбеҳи қатъӣ гирифта, 32 нафар сарзаниш ва 70 кас аз мансаб барканор шудаанд.  Дар ҳамин ҳол 128 нафари дигар дар мақомоти андози вилояти соҳиби мансаб шудаанд.

Абдуқаюм Воҳидов, сардори Раёсати андоз дар Суғд зимни нишасти хабарӣ гуфт, мақомоти андоз нисбати кормандонаш беҳад сахтгир аст. Мо пештар дар нимсол баъдан дар семоҳ ва ҳоло моҳона фаъолияти кормандонро месанҷем”.

Ба гуфтаи  Воҳидов, соли гузашта се корманди андоз Зарина Раҳмонова, Далер Ӯлмасов, Боймурод Каримов бо ҷурми ҷинояти қаллобӣ  бар асоси моддаи 247 қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ гумонбар шуданд.   

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон низ зимни нишасти хабарӣ  эътироф карда буд, ки соли гузашта 12 нафар корманди ниҳоди зери раҳбарияш даст ба фасод задаанд. Вай гуфт, ки соли 2021 дар маҷмуъ 14 ҳолати коррупсионӣ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 нафар зиёд мебошад.

Ба гуфтаи Нусратулло Давлатзода дар ин давра 42 нафар корманди Кумитаи андоз  барои роҳ додан ба камбудиҳо аз кор ронда шуданд, ки байнашон шахсоне ҳам буданд, ки мансабҳои роҳбарикунанда доштанд.

Дар Тоҷикистон ба далели баланд будани сатҳи андоз, шикоятҳои мақомот аз рӯйпӯш кардани андоз зиёд аст, ки дар аксари маврид бо ҳамдастии нозирони андоз сурат мегирад. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular