Tuesday, March 31, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСҶБ аз коҳиши шумори гирифторони коронавирус хабар дод

СҶБ аз коҳиши шумори гирифторони коронавирус хабар дод

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт  дар як изҳорот гуфт, ки шумори гирифторони коронавирус дар саросари ҷаҳон ҳафтаи гузашта 19 дарсад коҳиш ёфтааст. Яъне аз 7 то 13 феврал шумораи мубталоён ба СОВИД-19 ба 16 миллион нафар расид.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки авҷи он аз оғози давраи пандемия дар ҳафтаи охири моҳи январи соли ҷорӣ мушоҳида шудааст. Дар ин муддат беш аз 22 миллион нафар ба коронавирус ташхис шудаанд. Ҳафтаи гузашта теъдоди мубталоён тақрибан дар ҳама минтақаҳо ба ҷуз аз Осиёи Шарқӣ ва Уқёнуси Ором коҳиш ёфт.

Масалан, дар Иёлоти Муттаҳида рӯзи 10 январ ба беш аз 1 миллиону 400 ҳазор нафар гирифтори бемории СОВИД-19 ташхис шуда буданд, ки антирекорд аст, аммо дар рӯзҳои охир ин рақам тақрибан 10 баробар коҳиш ёфтааст.

Дар Ҳиндустон як моҳ пеш дар як рӯз тақрибан 300 000 бемор ба қайд гирифта мешуд. Дар ҳоли ҳозир шумораи мубталоён ба ҳисоби миёна дар як рӯз 30 000 нафарро ташкил медиҳад. Дар бораи як катор мамлакатхои Европа, монанди Британияи Кабир, Франция, Италия ва Испания низ хаминро гуфтан мумкин аст. Аммо ин то ҳол сабаби қаноатмандӣ шуда наметавонад. Зеро дар баъзе кишварҳо ин беморӣ дар ҳоли афзоиш аст. Русия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Гурҷистон аз ҷумлаи онҳост.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular