Tuesday, March 31, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТаҳсил дар Афғонистон оғоз мешавад

Таҳсил дар Афғонистон оғоз мешавад

Вазири маорифи ҳукумати Толибон Азиз Аҳмад Райён хабар дод, ки макотиби кишвар аз санаи 21 март кушода мешаванд. Ҳамаи писарону духтарони синну соли мактабӣ метавонанд ба таҳсил бароянд. 

Айни ҳол дар барномаи таълим дигаргунӣ ворид карда нашудааст, аммо интизор меравад, ки дар оянда тағирот ворид мешавад. 

Дар ин се моҳи охир ба маблағи 80 миллион доллар  барои Вазорати маориф  чудо карда шудааст. Дар давоми  моҳи феврал  аз Имороти Муттаҳидаи Араб 7 миллион нусха китобҳои дарсӣ ворид карда шуданд.

Қаблан Толибон таҳсили якҷоя ва ташкили маҳфилҳо дар хона ба писарону духтаронро манъ карда буданд.

Барои маълумот, имсол дар Афғонистон ҷашни Наврӯз баргузор намешавад. Қаблан Донишгоҳи политехникии Кобул эълон карда буд, ки дарсҳо 26 феврал оғоз мешаванд. Дар он чо машгулият дар ду баст мегузарад. Субх (соати 7-30 — 10-45) ва руз (11-45 — 15-25). Дар басти пагохй рузона танхо духтарон, дар басти дуюм танҳо писарон мехонанд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular