Боз ҳам шаҳри Истанбули Туркия мавриди ҳадафи террористон қарор гирифт. Инбор чанд терористи мусаллаҳ вориди як клуби шабона шуданд ва мардумеро ҳадаф қарор доданд, ки дар он мардум соли нави мелодиро ҷашн мегирифтвнд. Дар миёни кушташудагон шаҳрвандони Туркия ва хориҷиҳо низ ҳастанд. Дар як моҳи охир ин бори чандум аст, ки Туркия мавриди ҳамлаҳои терористӣ қарор мегирад.
Шаҳрдори Истанбул ва муовини додситони кулли Туркия ба ҷои ҳодиса рафта, равандти тафтишотро мустақиман таҳти назорат гирифтаанд.
Сулаймон Суилу Вазири корҳои дохилии Туркия ва раиси пулиси шаҳри Истанбул ҳам аз ҷои ҳодиса боздид намуданд. Вазири дохилии Туркия теъдоди кушташудагони ин ҳамларо 39 нафар ва захмиҳоро 65 нафар эълон кард. Ӯ таъкид кард, ки то ҳол ҳуввияти 21 нафар аз кушташудагон маълум шудааст, ки 16 нафарашон хориҷӣ ва 5 нафар шаҳрванди Туркия ҳастанд. Дар бораи омилони ин ҳамла Сулаймон Суилу чизе нагуфт ва таъкид кард, ки таҳқиқот идома дорад ва ҳоло дар ин бора чизе гуфтан душвор аст. Пас суҳбат бо расонаҳо Вазири дохила ва ҳамроҳонаш ба бемористонҳои атроф барои боздид аз маҷруҳон рафтанд.
Ба гуфтаи баъзе коршиносони масоили Туркия, чандест амалҳои террористии ин кишвар ҳадафмандона анҷом мешаванд. Ҳадаф аз ин ҳамлаҳо он аст, ки ҳукумати Туркияро ба як ҳукумати пулисӣ табдил диҳанд. Мехоҳанд дастовардҳои охири Туркия дар заминаи озодӣ ва фаъолиятҳои иҷтимоии онро камранг намоянд ва ҳукумати Раҷаб Тайб Эрдугонро дар ҳолати дифоъӣ қарор диҳанд.
Бархе аз коршиносони масоили Туркия бар ин боваранд, ки ҳукумати имрӯзаи Туркия яке аз намунаҳои нодирест, ки тавонистааст бо дар канори ҳам гузоштани арзишҳои исломӣ ва дунявӣ ба муваффақиятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии бузурге даст ёбад. Ҳоло баъзеҳо мехоҳанд байни ин арзишҳо тазод эҷод намоянд ва аз ин роҳ дастовардҳои Туркияро ҳадаф қарор диҳанд.