Thursday, March 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚирғизистон аз таъсиси кумитаи зиддибӯҳронӣ хабар дод

Қирғизистон аз таъсиси кумитаи зиддибӯҳронӣ хабар дод

Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ҳеҷ тасмиме дар бораи муқобала бо бӯҳрони сарзада аз ҷанги Русияву Укроин эълон накардаанд, кишварҳои дигари шарики тиҷории Русия даст ба чораандешӣ ва иқдомоти пешгирикунанда мезананд. Аз ҷумла Қирғизистон аз таъсиси Кумитаи зидди буҳронии вокуниши фаврӣ ба мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ хабар дод.

Тибқи иттилръи дафтари матбуотии девони вазирони ин кишвар тасмими таъсиси кумита бо ҳадафи амалӣ кардани «барномаи миллии рушди Қирғизистон то соли 2026» пазируфта шудааст.

Оқилбек Ҷабборов, раиси девони вазирони Қирғизистон раҳбари ин кумитаи навтаъсис таъйин шудааст. Чанд вазорату кумитаи дигари давлатии Қирғизистон дар ин кумита шомил карда шудаанд.

Қаблан Бонки миллии Қирғизистон ба таври нақдӣ берун бурдани доллари ИМА-ро аз сӯи бонкҳои тиҷорӣ ва ширкатҳои молӣ манъ кард. Ин қарор аз 11 март ба иҷро даромадааст.

Ҳамон рӯз шабакаҳои мағозаҳои бузурге дар шаҳри Бишкек, амсоли «Глобус» ва «Фрунзе» дар фурӯши баъзе аз маҳсулот маҳдудият ҷорӣ карданд.

Қазоқистону Узбекистон низ иқдомоти пешгирикунанда аз таъсири буҳрон ба иқтисодашон рӯи даст гирифтаанд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular