Sunday, March 29, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБа баҳонаи зодрӯзи марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ

Ба баҳонаи зодрӯзи марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ

15 март зодрӯзи устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (Худованд аз эшон розӣ бод!) мебошад. Ба ҳамин муносибат, лозим дидам, чанд ҷумла дар бораи эшон бинависам. Албатта, дар бораи устод зиёд навиштаанд ва ҳар як аз зовияи хоссе. Он чи дар ин ёддошт менависам, яке аз хусусиятҳо ва вежагиҳои марҳум аст, ки ба назарам, дар ин рӯзҳо бояд мавриди таваҷҷӯҳ қарор бигирад. Хеле муҳим аст.

Ва он ин ки: эшон ба тарбияти кодр аҳаммият қоил буд. Тарбияти кодр се шарти асосӣ дорад. Аввал ин ки: шумо бидонед (ва мутмаин бошед), ки рӯзе меравед ва шумо нестед, аммо кори шумо бояд идома дошта бошад. Мутаассифона, бисёре аз мо гумон мекунад, рафтанӣ нест, чунон ба курсӣ мечаспад, ки гӯӣ абадулабад монданист.

Шарти дуввум ин ки: бидонед, шумо ҳамафаннҳариф нестед, ки фикр кунед, фақат шумо мефаҳмед ва метавонед ва дигарон қодир нестанд. На. Шумо як инсонед ва дигарон (масалан, насли баъдӣ) низ инсон аст, шоху дум надоред. Бале, шумо таҷрибаи бештар доред. Фарқи шумо бо дигарон (ба хусус насли баъдӣ ва оянда) фақат дар ҳамин аст. Бинобар ин, ба ҷойи ин ки фикр кунед, шумо метавонед ва дигарон наметавонанд, таҷрибаи худро ба онҳо мунтақил кунед.

Шарти севвум ва асосӣ ин аст, ки шумо воқеан (на ба зоҳир) ба насли пас аз худ бовар ва эътимод ва мӯътақид бошед; корҳои бузург ва муҳимро ба онҳо вогузоред, барояшон ҷойгоҳ қоил бошед, ба ҳарфи ину он, ба хусус атрофиёни пиронсоли худ, ки ба шумо одат кардаанд ва фикр мекунанд, фақат шумо, ки таҷрибаи зиёд дорад, мефаҳмед, аҳаммият надиҳед.

Доштани ин се шарт, барои тарбияти кодр хеле муҳим аст. Бардоште, ки барои банда, бар асари яке ду сол ҳамроҳии мудовим бо марҳуми устод Нурӣ ҳосил шуд ин аст, ки дар ӯ ин се шарт вуҷуд дошт. Яъне, ҳам медонист, ки рӯзе рафтанист ва сониян, яқин дошт, ки ҳамафаннҳариф нест ва солисан, ба ҷавонон ва ба насли баъд аз худ ва оянда бовар ва мӯътақид буд ва воқеан — на фақат ба зоҳир ва аз рӯи таъоруф – барои онҳо арҷ ва ҷойгоҳ қоил буд. Ӯ ин се шартро дошт. Ва дар айни ин ки эҳтироми ҳамразмҳо ва насли хешро нигаҳ медошт ва барояшон арҷ қоил буд, дар айни замон, мисли дигарон ба насли оянда ва пас аз худ ба чашми ҳақорат нигоҳ намекард, ӯ воқеан барои онҳо ҷойгоҳ қоил буд.

Ёдам ҳаст ва аз хотирам намеравад – ва ба назарам, қаблан, дар яке аз ёддоштҳо навишта будамаш – ки вақте 22 сол син бештар надоштам ва ду китоб дар омӯзиши грамматикаи забони арабӣ ба риштаи таҳрир дароварда (албатта, ҷилди аввал, ба ҳамкории яке аз дӯстон, оқои Қамаруддин Афзалӣ буд) ва хидмати эшон (марҳуми устод Нурӣ) тақдим кардам, то назари худро изҳор бидорад ва дар сурати салоҳдид чопаш кунад, эшон ба диққат онҳоро аз назар гузаронд ва таҳсин кард. Нагуфт, ӯ кори зиёд ва муҳимтаре дорад (зеро дар авҷи серкории марҳум буд, аз тарафе музокироти сулҳ дар ҷараён буд ва аз тарафе ҳам фикри ӯ ба мардуми дар шимоли Афғонистон буда машғул буд), балки барои мутолеаи он китобҳо вақт ҷудо кард ва онҳоро бо диққат хонд. Ва сипас аз акои Мирбобо Мирраҳим тақозо кард, ин ду китобро ба нашр расонад, ки эшон низ заҳмат кашид ва ин корро кард.

Ва ин дар ҳоле аст, ки дигарон ва давру бариҳояш – ва ҳатто афроде, ки маро аз наздик мешинохтанд ва ҳамроҳӣ кардаанд – ба чашми ҳақорат ба ин кор нигоҳ мекарданд ва бе он ки ин ду китобро таварруқ ва бо онҳо ошно бошанд, мегуфтанд: “Ту чӣ ва китоб навиштан чӣ!”, “Ту ҳанӯз аз даҳонат бӯйи шир меояд!”, “Ҳозир вақти китоб навиштан нест, вақти ҷанг аст!”, “Бигузор, домуллоҳои ботаҷрибатар, ки саводашон аз ту бештар аст, ин корро бикунанд!” ва ғайра аз ин қабил ҳарфҳо… Онҳо ошкоро ба марҳуми устод арз мекарданд, ки алъон вақти таваҷҷӯҳ ба ин гуна корҳои “баччагона” нест, вақти сари миз нишаста, бо ҳукумат ҳарф задан аст ва устод набояд худашро ба корҳои ба қавли онҳо “майда-чуйда” андармон кунад ва ғайра ва ҳоказо.

Аммо марҳуми устод, дар айни ин ки ба ҳарфу ҳадиси он “бузургон” гӯш фаро медод ва чунон вонамуд мекард, ки гӯё онҳо ҳарфҳои хеле муҳим мезананд – ва ин, худ яке аз вежагиҳои он бузургвор буд, ки ҳарфи ҳеч касро ба замин намезад, балки ба сухани ҳама гӯш фаро медод, ҳарчанд черту-перт бошад – аммо корашро мекард, ба насли оянда на танҳо мӯътақид, ки барояшон арҷи зиёде қоил буд. Бинобар ин, ин ду китобро ба нашр расонд, илова ба ин ки ёдам ҳаст, аз заҳамоти банда тақдиру ташаккури вежа ба амал овард.

Ва ё як мавриди дигар (ки дар ёддоште дигар ба тафсил дар бораи он менависам), ин таъсис ва ташкили як маркази омӯзишӣ дар назди бинои Ҳизби наҳзати исломӣ (дар хиёбони Борбади пойтахт) тавассути банда аст, ки марҳуми устод ёрӣ ва кӯмаки ба тамоми маънои калима дар ин замина бароям кард ва тамомқад аз ман ҳимоят ва пуштибонӣ намуд. Дар ҳоле, ки дигарон ба ӯ гуфта буданд, ба ин кор розӣ нашавад ба ин далел, ки масалан ман ҳанӯз “бачча” ҳастам ва домуллоҳо ба ин розӣ нестанд ва ё ин ки афроди калонсолтар ва ботаҷрибатари дигаре ҳастанд, ки ин корро мекунанд ва ғайра. Аммо марҳум дар айни ин ки гӯё ба ҳарфи онҳо гӯш фаро медод, кори худашро кард ва маро кӯмак намуд. Дар ин хусус, дар як ёддошти дигар менависам

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular