Узбекистон бар зарурати қатъи амалиёти низомӣ ва эътирофи тамомияти арзии Укроин таъкид кард. Дар ин бора вазири хориҷаи ин кишвар Абдулазиз Комилов дар ҷаласаи Маҷлиси Олии Узбекистон имрӯз, 17 март эълон намуд, хабар медиҳад .
Комилов гуфт вазъ дар Укроин Узбекситонро ҷиддан нигарон кардааст.
“Мо ҷонибдори пайдо кардани роҳҳали сулҳомез дар ин вазъ ва ҳали муноқиша бо абзорҳои сиёсиву дипломатӣ ҳастем. Аммо барои ин бояд амалиёти низомӣ фавран қатъ шаванд” — таъкид кард раҳбари ВКХ Узбекистон.
Ӯ хотиррасон кард, ки Узбекистон иртиботи ҳамаҷониба бо Русияву Укроин дорад.
“Мо ба ҳамкориҳои дуҷонибаи муфид бо ҳарду кишвар бо дарназардошти манофеъи миллиамон идома медиҳем. Аз як тараф Русия — шарики аслии тиҷории Узбекситон, ки мо шарикии стротежӣ ва муносиботи иттифоқӣ дорем. Аз ҷониби дигар Укроин, ки мо дар самтҳои зиёде ҳамкорӣ мекунем, аз ҷумла тиҷорӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф, кишвоарзӣ” — гуфт вазир.
Тибқи гуфтаи ӯ додугирифти тиҷорӣ бо Укроин дар соли 2021 беш аз $704 млн.ро ташкил додааст, ки 60% бештар аз соли қабл аст. Ҳамчунин соли гузашта байни Тошканду Киев парвозҳои мустақим барқарор карда шуданд, ки ҳафтае 4 бор анҷом мешуд.
Комилов таъкид кард, ки Узбекистон ба ирсоли кӯмакҳои башардӯстона ба Укроин идома хоҳад дод.
“Узбекистон истиқлол ва тамомияти арзии Укроинро эътироф мекунад. Мо ҷумҳуриҳои Луганску Донетскро эътироф накардаем” — таъкид кард вазири хориҷа.
Дар ҳамин ҳол, 25 феврал, рӯзи дувуми ҳамлаи Русия ба Укроин маркази матбуотии Кремл бо нашри хабари гуфтугӯи телефонии раисҷумҳурони Русияву Укроин навишта буд, ки “Шавкат Мирзиёев азҳори дарк аз амалиёти ҷониби Русия (дар хоки Укроин) кард”.
Як рӯз пас сухангӯи раҳбари Узбекистон Шерзод Асадов тасреҳ кард, ки “узбекситон дар ин масъала мавқеъи бетарафӣ ва мутаъодилро гирифтааст” ва илова кард “ҳамаи баҳсу нофаҳмиҳо бояд дар асоси қавонини байналмиллалӣ ҳал шаванд”.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

