Бори аввал аз замони ба муомила баромадани ссомонӣ, пули миллии Тоҷикистон, қурби он дар баробари доллари амрикоӣ якбора 6 дарсад боло рафт. Гузашта аз ин бонкҳо, ки қаблан аз фурӯши доллар худдорӣ мекарданд, ҳоло аз хариди он худдорӣ мекунанд. Фурӯши захоири тилло ҳам дар думоҳаи аввали сол нисбати ҳамин давраи соли 2021 7.6 маротиба камтар шуда, нақшаи ҷамъоварии буҷа дар ин давра барзиёд иҷро гардидааст.
Дар ҳоле, ки солҳои қабл нақшаи даромади буҷа дар моҳҳои аввали сол ҳамеша бо мушкил рӯбарӯ буд ва кам воқеъ мегардид, ки иҷро шавад, имсол наздик ба 5 дарсад бештар иҷро гардид. Барои мисол дар ду моҳи аввали соли 2021 ба буҷа зиёда аз 100 млн сомонӣ камтар аз нақша маблағ ворид гардида буд.
Тибқи иттилоъи Вазорати молияи кишвар, ҳаҷми умумии даромади буҷаи давлат дар моҳҳои январ-феврал ҳудуди 4,6 млрд сомонӣ (355 млн доллар)-ро ташкил дод, ки 220 млн сомонӣ (17 млн доллар) ё 4,8% бештар аз нақша мебошад. Дар моҳи январ ин нишондиҳанда боз ҳам болотар буд ва даромади изофии 7,1 дарсадиро нишон медод. Дар моҳи аввали сол ба ҷойи 1 млрд 970 млн сомонии дар нақша пешбинишуда ба буҷа ҳудуди 2 млрд 120 млн сомонӣ маблағ ворид шудааст.
Мақомот афзоиши бесобиқаи воридшавии маблағ ба буҷаро пеш аз ҳама ба афзоиши маблағҳо аз пардохти андоз, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми андозҳои асосӣ — андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва андоз аз даромад вобаста медонанд. Гуфтанист, ҳиссаи маблағҳо аз пардохти андозҳо дар ҳаҷми умумии даромадҳои буҷаи давлатӣ дар моҳи январи соли равон 78,3%-ро ташкил додааст.
Ҳамчунин омор аз камшавии қобили таваҷҷӯҳи фурӯши захоири тилло нисбати ду соли гузашта гузориш медиҳад. Гуфта мешавад дар думоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми содироти сангу металҳои гаронбаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,6 баробар камтар шудааст. Маблағи бадастомада дар моҳҳои январ ва феврал аз ин намуди содирот, ки бештари коршиносон онро фурӯши захоири тиллои кишвар меноманд, ҳамагӣ $46 млн, ё 13 дарсади ҳаҷми соли гузаштаро ташкил додааст. Гуфтанист, соли гузашта дар ҳамин давра ба маблағи $353 млн тилло содирот шуда буд. Ҳаҷми умумии содироти сангу металҳо дар соли гузашта бо афзоиши 30-дарсадӣ нисбати соли 2020, $896,6 млн-ро ташкил дода буд.
Қурби сомонӣ ҳам нисбати доллар якбора 6% боло рафт. Ин амр дар таърихи пули миллӣ бесобиқа аст ва то ин замон ба қайд гирифта нашудааст. Гузашта аз он, рӯзи охир бонкҳои Тоҷикистон аз хариди доллари амрикоӣ худдорӣ мекунанд, ки ин амалкарди бонкҳо низ қаблан собиқа надошт.
Абдуманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ бо баршумурдани ин чанд “пешрафт”-и молиявии кишвар навиштааст дар ҳоле, ки “Тоҷикистон дорад вориди шадидтарин бӯҳрон дар таърихи истиқлолияташ мешавад, ин пешравӣ ва ҳатто ҷаҳиш ба ҳеҷ қонуни иқтисоду мантиқ созгор нест. Бо ин вазъи иқтисодие, ки Тоҷикистон дорад, ин кор тақрибан ғайриимкон аст”. Ва суолгузорӣ намудааст, ки “давлат аз куҷо маблағ барои ин «ҷаҳиш» ба даст овард?”
Хабаргузории “Азия Плюс” бо истинод ба коршиносон менависад “ҳолати ғайримуқаррарии мавҷударо дар бозори асъори Тоҷикистон коршиносон ба тамоилҳои сиёсӣ, молиявӣ ва иқтисодии кунунӣ дар Русия, аз ҷумла нияти мақомоти Русия барои фурӯши гази табиӣ бо рубл вобаста медонанд”. Аммо Шералиев бо ин розӣ нест ва мегӯяд “болоравии қурби рубл наметавонад сабаби афзоиши мутаносиби қурби сомонӣ шавад. То муддате пеш Тоҷикистон ниёзи шадиде ба асъори хориҷӣ дошт ва афтиши қурби доллару аз харидории он, ин ҳам бо қурби 6% камтар даст кашидани бонкҳо гувоҳи он аст, ки бо кадом сабабе ҳаҷми доллар дар кишвар якбора афзоиш ёфтааст”.
Ӯ барзиёд иҷро шудани нақшаи буҷа ва камшавии 8 баробарии фурӯши тиллоро низ ба ҳамин омил бастагӣ медиҳад. “Ҳатто агар фарз шавад, ки сабаби болоравии қурби сомонӣ маҳз болоравии рубл буд, ду омили дигар онро рад мекунанд. Болоравии қурб наметавонад буҷаро пур кунад, аз тарафи дигар афзоиши даромади буҷа қабл аз ин бӯҳронҳо иттифоқ афтодааст. Ҳамчунин камшавии содироти тилло ба ин маънист, ки дигар давлат ба фурӯши он ниёз надорад. Танҳо суоле, ки посухаш муаммост ин аст, ки давлат пулро аз куҷо пайдо кард?”
Ба ин ки нақшаи буҷа воқеъан бинобар бештар шудани пардохтҳои андозӣ барзиёд иҷро шудааст, Шералиев бо шубҳа менигарад. “Вақте қаблан бинобар иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андоз мақомот андози соли 2022 ва ҳатто аз баъзеҳо соли 2023-ро ҳам ситонида буданд, ҳазорон соҳибкор тарки фаъолият карданд, даҳҳо ҳазор хонавода ҳиҷрат намуданд, имкон надорад якбора пардохтҳои андозӣ ба он сатҳ боло равад. Бо гумони ғолиб, кӯмак ба буҷа боло рафтааст, аммо муаммо ин аст, ки аз куҷо?”
Мақомоти кишвар ҳанӯз сабаби ин “ҷаҳиш”-ро шарҳ надодаанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

