Monday, March 30, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЗеленский Русияро ба наслкушӣ дар Укроин маҳкум кард

Зеленский Русияро ба наслкушӣ дар Укроин маҳкум кард

Бо ақибнишини неруҳои Русия аз бархе манотиқ аз ҷумла ҳавмаи Киев, Укроин мегӯяд контрол бар кулли вилояти Киевро дар даст дорад. Ҳамзамон мақомоти укроинӣ иддао мекунанд, ки Маскав бо аксар хостаҳои онҳо дар музокирот ба сурати шифоҳӣ мувофиқат карда ва мунтазир ҳастанд то он расман санад шавад. 

Пештар Киев ва бархе кишварҳои ғарбӣ нисбат ба ақибнишини неруҳои русӣ аз бархе манотиқи Укроин бо шубҳа нигариста буданд ва бештар ин иқдомро тактикӣ ва таҷдиди қувваҳо арзёбӣ карда буданд. 

Мақомоти Укроин таъкид мекунанд, ки неруҳои Русия бо ақибнишинӣ аз шимолӣ Укроин қасд доранд бар манотиқи шарқӣ ва ҷанубии ин кишвар мутамаркиз шаванд. 

Пӯшиши зиндаи охирин таҳаввулоти ҳамла низомии Русия ба Укроин дар рӯзи якшанбе севуми апрелро дар ин сафҳа думбол кунед. 

03.04.2022 22:45 

Поп Франсис барои кумак ба барқарории оташбас ва сафар ба Киев эъломи омодагӣ кард 

Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон рӯзи якшанбе гуфт, ки омодааст то ба барқарории оташбас дар Укроин кумак кунад. Вай ҳамчунин аз омодагии худ барои сафар ба Киев, пойтахти Укроин сухан гуфт. 

Раҳбари католикҳои ҷаҳон изҳор дошт, ки аз замони таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин то кунун бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба таври мустақим гуфтугӯ накардааст. 

 03.04.2022 21:58 

Додситони Укроин: ҳамлаи Русия ба шаҳри Харков 7 кушта ва 34 захмӣ бар ҷой гузошт 

Додситони Укроин якшанбе шаб эълом кард, ки дар ҳамлаи артиши Русия ба шаҳри Харков ҳафт нафар кушта шуданд. Бино ба ҳамин гузориш 34 тан низ дар ин ҳамла маҷрӯҳ шуданд. 

 03.04.2022 20:57 

Зеленский: раҳбарони Русия масъули қатлҳо ва шиканҷаҳо дар Буча ҳастанд 

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин мегӯяд раҳбарони Русия масъули қатлҳо ва шиканҷаҳои рӯй дода дар шаҳри Буча дар наздикаи Киев ҳастанд. Шаҳри Буча аз ҷумла манотиқе аст, ки контроли он ба думболи ақибнишини артиши Русия аз шимоли Укроин ба дасти неруҳои укроинӣ афтод. 

Раисҷумҳури Укроин афзуд, ки “созкоре вежа” барои таҳқиқ дар мавриди ҳама “ҷиноятҳои Русия” дар назар гирифта шудааст. 

Суханони Владимир Зеленский дар ҳоле баён шуд, ки додситони Укроин аз кашфи ҷасадҳои 410 ғайринизомӣ дар манотиқи тоза озодшуда хабар додааст. Раисҷмҳури Укроин сооте пеш артиши Русияро ба наслкушӣ дар кишвараш муттаҳам карда буд. 

 03.04.2022 19:33 

Мақом укроинӣ: ҳамла ба Николаев як кушта ва 14 маҷрӯҳ бар ҷой гузошт 

Фармондори Николаев дар чануби Укроин мегӯяд дар ҷараёни ҳамалоти низомиёни Русия ба шаҳри Николаве як нафар кушта ва 14 тан маҷрӯҳ шуданд. 

 03.04.2022 19:29 

Гуттериш хостори анҷоми ”таҳқиқи мустақил” дар бораи рӯйдодҳои Буча шуд 

Антониу Гуттериш, дабири кулли Созмони милали муттаҳид рӯзи якшанбе гуфт, ки амиқан аз тасовири мунташиршуда аз куштори ғайринизомиён дар шаҳри Буча дар Укроин шокӣ шудааст. Вай ҳамчунин хостори анҷоми таҳқиқи мустақил дар бораи рӯйдодҳои Буча шуд. 

 03.04.2022 18:55 

Испониё хостори таҳқиқ дар бора иртикоб  ҷиноятҳои ҷангӣ дар Укроин шуд 

Вазорати хориҷаи Испониё рӯзи якшанбе дар вокуниш ба интишори “тасовири ғайри қобили таҳаммул” аз ҷасадҳои ғайринизомён дар Укроин хостори таҳқиқ дар бораи иртикоби “ҷиноятҳои ҷангӣ” дар ин кишвар шуд. 

Мақомоти Укроин аз кашфи теъдоди зиёде аз аҷсоди ғайринизомиён дар шаҳри Буча дар наздикии Киев, пойтахти Укроин хабар додаанд. Низомиёни Русия ахиран аз манотиқи шимоли Укроин ақибнишинӣ карданд то бар рӯйи набард дар шарқ ва ҷануби ин кишвар мутамаркиз шаванд. 

 03.04.2022 18:49 

Садри аъзами Олмон хостори ҷорисозии таҳримҳои ҷадид алайҳи Маскав шуд 

Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон рӯзи якшанбе дар вокуниш ба ҷиноятҳои ҷангии рӯйдода дар шаҳри Буча хостори ҷорисозии таҳримҳои ҷадиде алайҳи Русия шуд. 

 03.04.2022 18:29 

Нахуствазири Бритониё аз ҷинояти ҷангӣ дар Буча сухан гуфт 

Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё дар вокуниш ба интишори тасовире аз кашфи ҷасадҳои ғайринизомиён дар хиёбонҳои Буча дар наздики Киев, пойтахти Укроин аз ҷинояти ҷангӣ сухан гуфт. Вай ҳамчунин “ҳамалот нафратангез” ба ғайринизомиёнро маҳкум кард. 

Додситони Укроин аз кашфи ҷасадҳои 410 ғайринизомӣ дар манотиқи озодшуда аз дасти неруҳои Русия хабар додааст. Дар муқобил артиши Русия тасовири мунташиршуда аз аҷсоди ғайринизомиён дар Бучаро “сохтагӣ” хондааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular