Monday, March 30, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚурби сомонӣ боз боло рафт

Қурби сомонӣ боз боло рафт

Қурби расмии сомонӣ нисбати ҳамаи асъори асосии гардишкунанда дар Тоҷикистон ба таври чаҳмрасе боло рафт.  Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта қурби расмии долларро андозаи 3,6% поин бурд: аз 12,96 сомонӣ барои 1 доллар то ба 12,50 сомонӣ.

Ҳамчунин қурби евро аз 14,38 сомонӣ дар ҳафтаи гузашта, то ба 13,80 сомонӣуфт кард. Новобаста аз он, ки бештари коршиносон болоравии қурби сомониро ба асъори такягоҳи асоси он — рубл бастагӣ медиҳанд, нисбати рубл ҳам сомонӣ мавқеъашро мустаҳкам кард. Рӯзҳои истироҳат қурби рубл ба миқдори 1,5%  поин рафт ва аз 150,5 сомонӣ барои 1000 рубли қаблӣ  то ба 148,1 сомонӣ расид.

Қурби хариди доллар дар бонкҳои низомсози кишвар имрӯз ба ҳисоби миёна 12,05 сомонӣ барои 1 долларро ташкил дода, лекин ивази воқеии асъор то ҳол мушкил боқӣ мемонад: долларро танҳо чанде аз нуқтаҳо ва он ҳам ба миқдори начандон зиёд қабул мекунанд.

Болоравии пули миллӣ, он ҳам бо ин суръат дар таърихи муомилаи он бесобиқа аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular