Friday, February 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДабири нави СММ ба иҷрои вазифааш оғоз кард

Дабири нави СММ ба иҷрои вазифааш оғоз кард

Собиқ сарвазири Портуғол Антониу Гуттериш сар аз якуми январи соли расман ба иҷрои вазифаи Дабири кулли Созмони миллали муттаҳид оғоз кард.

Зимни суханронии аввалинаш ба ҳайси раҳбари ин созмон, Гутерриш изҳор кард, ба барқарории сулҳ ва пешгирии задухӯрдҳои мусаллаҳона авлавият хоҳад дод.

Антониу Гуттериш барои панҷ сол ба ин мансаб интихоб шуд ва қарор аст то 31 декабри соли 2021 СММ-ро раҳбарӣ кунад. Қабл аз ӯ дипломатӣ куриёӣ Бан Ки Мун 10 сол ин маҷомро соҳиб буд.

Антониу Гутерриш 68 сол дошта аз соли 1995 то 2002 ҳукумати Портуғолро раҳбарӣ кардааст. Дар мӯҳлати аввали раҳбариаш ӯ тавонист ислоҳоти иқтисодӣ гузаронида, мавқеъи Портуғолро дар арсаи байналмиллалӣ қавитар кунад. Ин боис шуд, ки соли 1999 бори дуввум пирӯзи интихоботи ин кишвар гардад.

Аз соли 2005 то 2015 саркомиссари  СММ оид ба гурезаҳо буд.   

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular