Sunday, March 29, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАнглия тамоми дороиҳои бузургтарин бонки Русияро масдуд кард

Англия тамоми дороиҳои бузургтарин бонки Русияро масдуд кард

Вазорати умури хориҷаи Англия тайи баёнияе эълом кард, ки куллияи дороиҳои Сбербонк, бузургтарини банки Русияро масдуд ва сармоягузори хориҷии ҷадид тавассути ширкатҳои англисӣ дар Русияро мамнӯъ кардааст. 

Дар ин баёния омадааст: “Таҳримҳои ҷомеъи ҷадидеро барои ин ки мошини ҷангии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дучори гуруснагӣ шавад, содир кардем. Ин бастаҳои таҳрими ҷадид бахшҳои калидии иқтисоди Русияро таҳти таъсир қарор хоҳад дод ва вобастагии кишварҳо ба энергии Русия низ поён меёбад.” 

Бар асоси ин баёния, Англия то поёни соли 2022 ба вобастагии худ ба ангиштсанг ва нафти Русия поён хоҳад дод ва дар марҳалаи баъдӣ низ воридоти газ аз ин кишварро дар камтарин муддат мутаваққиф хоҳад кард. 

Ҳамчунин аз ҳафтаи оянда, содироти таҷҳизот ва котолизурҳои аслии полоиши нафт ба Русия ба манзури коҳиши тавоноии ин кишвар барои тавлид ва содироти нафт, мамнӯъ хоҳад шуд. 

Илова бар ин, воридоти маҳсулоти оҳану фӯлод, ки манбаъи даромади муҳимме барои Русия аст, мамнӯъ шуд ва 8 олигархи дигари рус низ ба феҳристи таҳримҳо изофа шуданд. 

Бо тасмими ҷадиди давлати Англия, теъдоди бонкҳои таҳримшуда ба 18 маврид ва шумори олигархҳо низ ба 82 нафар афзоиш ёфт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular