Monday, March 30, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКумитаи наҷот: ҳукми Маҳмадҷонова бадтарин сатҳи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст

Кумитаи наҷот: ҳукми Маҳмадҷонова бадтарин сатҳи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёи сиёсии Тоҷикистон бо нашри баёнияе ба шаш соли зиндон маҳкум шудани Шоҳида Маҳмадҷоноваро “бадтарин сатҳи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” номид ва онро шадидан маҳкум кард. “Кумитаи наҷот” ҳамчунин аз ҳукумат талаб кардааст Маҳмадҷоноваро фавран озод ва худро аз шармандаӣ наҷот диҳад.

Баёнияи КШНГЗС дар бораи ҳукми ноодилонаи Шоҳида Маҳмадҷонова ба шакли зер аст:

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шоҳида Маҳмадҷонова, модари Шерзод Маҳмадҷоновро, ки бо номи “Абдураҳмон 09” блогерӣ мекунад, ба 6 соли зиндон маҳкум кардааст. Ин идомаи даҳшатфиканиҳои режими Душанбе аст, ки бори дигар ниҳояти бераҳмии ҳукуматро нишон дод. Модареро барои фаъолиятҳои писари болиғаш, ки чандин сол аст дар берун аз Тоҷикистон зиндагӣ ва фаъолият мекунад, боздошт ва зиндонӣ кардан шояд дар ҷаҳони муосир назир надошта бошад. Ин амалкарди ҳукумат обрӯи бе ин ҳам хеле костаи ин ҳукуматро дар назди созмонҳои ҳуқуқи башар боз ҳам поёнтар хоҳад бурд ва назди ҷомеаи ҷаҳонӣ шармандагие барои ин ҳукумат эҷод хоҳад кард.

Гуноҳи ин модари мазлум танҳо ин аст, ки ӯ як модар аст; модари як блогер, ки афкораш мавриди писанди ҳукумат нест. Ӯ дигар ҳеч гуноҳе накардааст.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёи сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) боздошт ва ҳабси ин модари мазлумро бадтарин сатҳи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шуморида, шадидан маҳкумаш мекунад.

Инчунин КШНГЗСТ шарҳи додгоҳ ба мардумро нисбати айбномаҳое, ки бо он Шоҳида Маҳмадҷоноваро маҳкум кардаанд талаб менамояд. Додситон Шоҳида Маҳмадҷоноваро ба он айбдор намудааст, ки аз “Гурӯҳи 24” ва Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар Ютуб ҷонибдорӣ карда, дар зери видеоҳои писараш, “Абдураҳмон 09” ва “Ислоҳ+” шарҳ навиштааст.

КШНГЗС аз ҳукумати Тоҷикистон қотеъона талаб мекунад, ки Шоҳида Маҳмадҷоноваро фавран озод кунад, то аз бори ин шармандагӣ халос шавад.

Ҳамчунин аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башари ҷаҳонӣ хоҳиш мекунем, ки дар қазияи Шоҳида Маҳмадҷонова, ки комилан ғайриқонунӣ аст вокуниш кунанд ва озодии фаврии ӯро тақозо намоянд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёи сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular