Monday, March 30, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар Душанбе масоили рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Литва баррасӣ шуд

Дар Душанбе масоили рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Литва баррасӣ шуд

Имрӯз дар мулоқоти Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо  Гинтаутас Васулис, сафири Ҷумҳурии Литва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  мақарраш дар Қазоқистон аст, дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Литва баррасӣ шуд. 

Дар ин бора имрӯз, 12 апрел, хабаргузории avesta.tj бо такя ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, дар ҷараёни мулоқот дар пойтахти Тоҷикистон ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунӣ ва имконоти густариши ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону Литва табодули назар карданд.

Дар муколама зикр гардид, ки иқтидори мавҷудаи ду кишвар дар соҳаи тиҷорату иқтисод то ҳол дуруст истифода намешавад ва имкони афзоиши гардиши тиҷоратии дуҷониба вуҷуд дорад.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ гуфтугӯ карданд. Ба вежа афзоиши батадриҷи тиҷорати дуҷониба, эҷоди сармоягузориҳои муштарак дар манотиқи озоди иқтисодӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар ҳавзаи тиҷорати электронӣ, ва бисёре масоил дигарро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин теъдоде пешниҳод барои густариши ҳамкориҳо аз ҷумла эҷоди шароити мусоид барои ёфтани бозорҳо ва харидорони ҷадиди маҳсулоти кишоварзӣ, эҷоди сармоягузориҳои муштарак дар соҳаи металлургия, дорусозӣ, муҳандисӣ ва соири ҳавзаҳои авлавиятдошта ироа шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular