Monday, March 30, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЗеленский мехоҳад Медведчукро бо асирон иваз кунад

Зеленский мехоҳад Медведчукро бо асирон иваз кунад

Дар ин бора худи ӯ дар як навори муроҷиатнома иброз дошт ва дар бораи Медведчук гуфт: «Вай 48 рӯз инҷониб пинҳон шуда буд ва дар ниҳоят тасмим гирифт, ки аз кишвари мо фирор кунад. Ман фикр мекунам, ки истифодаи ӯ аз камуфляжҳои низомӣ бемаъно аст, аммо худашро хамин тавр пинхон карданй шуд. Хуб, агар Медведчук барои худ либоси низомиро интихоб карда бошад, вай таҳди қоидаҳои замони ҷанг қарор мегирад.Ман ба Федератсияи Россия пешниҳод мекунам, ки ба ҷои Медведчук чавонмардон ва занони ҳарбии моро, ки ҳоло дар асорати Русия ҳастанд, иваз кунанд. Аз ин рӯ муҳим аст, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва низомиёни мо низ ин фурсатро ба инобат гиранд.Хотиррасон мекунем, ки мувофиқи хабари интишоркардаи Ситоди вилоятии дифоъи ҷумҳурии Укроин, дар Мариупол 1009 нафар сарбози украинӣ ба нирӯҳои ҷумҳурии мардумии Донетск таслим шуданд.Вазорати дифои Русия дар ин бора гуфт, ки дар Мариупол 1026 низомии украинии бригадаи 36-ум ихтиёран силоҳҳои худро партофта, таслим шуданд.Дар миёни низомиёни украинӣ, ки дар Мариупол таслим шуданд, 162 афсар ва ҳамчунин 47 низомии зан низ буданд.Ба 151 сарбози маҷрӯҳ дар ҷои ҳодиса ёрии таъҷилӣ расонида шуда, баъдан ба бемористони Мариупол интиқол ёфтанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular