Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дирӯз, 13-уми апрел бо ҳамтои қирғизаш Руслан Қазоқбоев дар бораи ҳодисаи тирпаронии шоми 12-уми апрел дар нуқтаи марзии ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон ва деҳаи Борбодуки Қирғизистон, суҳбати телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора канали ии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад вазири хориҷаи Тоҷикистон амалкарди марзбонони қирғизро маҳкум карда, талаб кардааст, ки таҳқиқоти холисона гузаронида шавад ва гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки ҷонибҳо ҳодисаи 12-уми апрелро, ки дар пай қурбонӣ дошт, баррасӣ кардаанд.
«Дар ҷараёни суҳбат, ҳамчнин ду тараф дар мавриди масоили доғи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон гуфтугузор карда, масъалаи омодагӣ ба нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ, ки 13-уми май дар Душанбе дар назар гирифта шуааст ва ҳамчунин вохурии вазирони хориҷии Осиёи Марказиро баррасӣ кардаанд»,- омадааст дар ин хабарнома.
Вазирони ду кишвар тавофуқ кардаанд, ки бо ҳам тамосҳои доимӣ хоҳан дошт.
Бояд гуфт, ки бар пайи тирпаронӣ дар ин нуқтаи марзӣ, як сарбози 27-солаи тоҷик, Зоир Саидумаров кушта шуд. Дирӯз бар пайи он мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон бо ҳузури раисиони вилоятҳои Суғду Бодканд ва фармондеҳони Неруҳои марзбонии ду кишвар ва масъулони дигари низомиву маҳаллӣ баргузор шуд, ки бар пайи он се протокол ба имзо расид. Аммо ҷузъиёти протоколҳо шарҳ дода нашудааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

