Thursday, March 26, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТоҷикистон содироти пахтаро коҳиш доданист. Бори 5-ум

Тоҷикистон содироти пахтаро коҳиш доданист. Бори 5-ум

Ҳукумати Тоҷикистон ба коҳиши фурӯши пахтаи ватанӣ шурӯъ мекунад.

Тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ барои солҳои 2022-2024 содироти 60 ҳазор тонна нах ба маблағи 89,9 миллион доллар дар назар аст.

Дар ин бора хабаргузории иттилоъ додааст.

Хабари коҳиши содироти пахтаи хом дар ҳолест, ки аз рӯи омор то 3 декабри соли 2021 аз майдони 174 ҳазору 155 гектар, дар Тоҷикистон беш аз 404 ҳазор тонна пахтаи хом ҷамъоварӣ карда шудааст. 

Аммо, бояд гуфт, ки дар дохили кишвар андаке беш аз даҳ дарсади пахтаи ҳосилшуда коркард мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон барнома дошт, то соли 2015 коркарди пурраи пахтаро дар дохил ба роҳ монад, вале дар ин муҳлат ин барнома иҷро нашуд ва то ба ҳол низ кишвар ба ин ҳадаф нарасидааст.

Баръакс аз замони истиқлол истеҳсоли пахта ва ҳамчунин коркарди он бамаротиб камтар гардидааст. Ин бори панҷум аст, ки ҳукумат нақшаи кам кардани содироти нахи пахта ва афзоиши коркарди онро тарҳрезӣ мекунад, аммо натиҷа ҳамеша баръакс будааст.

Дар ҳамин ҳол, воридоти маводи нассоҷӣ ва маснуоти тайёр аз пахта бо арзиши иловагии баланд сурат мегирад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular