Додгоҳи ноҳияи Личаковскийи шаҳри Лвов 154 объекти амволро, ки ба хонаводаи раиси ҳизби «Платформаи мухолифат — Барои ҳаёт» Виктор Медведчук ва ҳамсараш тааллуқ дошт, боздошт кард. Расонаи Коммерсант менависад, ки дар ин миён : 26 мошин, 30 қитъаи замин, 23 хона, 32 ҳавлӣ, 17 таваққуфгоҳ ва як яхтаи моторӣ мусодира карда шудаанд.
Дар ҳамин ҳол Кремл таклифи иваз кардани сиёсатмадори мухолифи украинӣ Виктор Медведчукро бо низомиёни асирафтодаи укроинӣ рад кард. Котиби матбуоти раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт: “Ӯ шаҳрванди Федератсияи Русия нест ва ба “амалиёти махсус” рабте надорад. Мо бешубҳа сарнавишти Виктор Медведчукро пайгирӣ карда, сиёсатмадорони аврупоиро даъват мекунем, ҳамонҳое,ки аз озодии баён хеле нигаронанд ва мегӯянд, ки фардеро бо далоили сиёсӣ таъқиб кардан ғайриимкон аст. Ҳар шолате, ки бо Медведчук рух дод, возеҳу равшан нишон медиҳад, ки режими Киев дар асл чӣ гуна аст. Агар мақоми ӯро ҳукумати Киев қабул мекарданд, дар Украина амалиёти вижаи низомӣ сурат намегирифт. »
Виктор Медведчук вакили Верховная Рада, сиёсатмадори маъруфи мухолифи Украина аст, ки раҳбарии ҳизби мухолифро бар ӯҳда дорад» Ба гуфтаи Песков, Медведчук ҳамеша «тарафдори сулҳ, мухолифи ҷанг, мухолифи ташдиди низоъ дар Донбасс» будааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

